Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами миллӣ-рамзи давлатдорист

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи «Парчами давлатии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Парчами давлатӣ-нишонаи давлати соҳибистиқлол аст» бо иштироки роҳбарият, меҳмонон ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ВКД баргузор гардид.

Конференсияи мазкурро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ифтитоҳ намуда, нахуст ҳамаи иштирокдоронро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Рӯзи Парчами миллӣ табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳои беназирро таманно кард.
Қайд гардид, ки ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Парчам ифодагари ному нанги ҳар як фарди ҷомеа, баёнгари истиқлолияти кишвар, таҷассумгари ормонҳои миллӣ ва инъикоскунандаи фарҳангу тамаддуни мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад. Оре, Парчам баёнгари дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагист.

Агар ба таърихи гузаштагони худ назар афканем, ойини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Аҷдодони мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги тамаддунофари халқи тоҷикро бо тамоми ҳастӣ ва устуворона ҳимоя кардаанд. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин рукни муқаддасоти миллӣ қарнҳост, ки миёни ҳамагон пазируфта шудааст.
Бояд қайд кард, ки расму ойини парчамдории тоҷикон аз даврони ориёӣ ва салтанати Куруши Кабир ибтидо мегирад. Нақши парчам дар фарҳанги ниёгони мо «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ беназир буда, дар он таъриху фарҳанг, адолатпарварӣ ва эҳсоси қаҳрамононаи ҳимояи марзу бум аз истилогарон муассир таҷассум ёфтааст.

Дар идомаи суханронӣ мавсуф изҳор дошт, ки бо иқдоми таърихии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар, ки сароғози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идоракунандаи кишвар ба ҳисоб мерафт, бо тасдиқи Парчами давлатӣ ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки эҳёи яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ оғоз ёфт.
Ин суханонро устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос, номзади илмҳои филология, Раҳмонзода Ҳафиз тақвият дода, изҳор дошт, ки 24-уми ноябри соли 2009, бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни нави миллӣ-Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо шӯкуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Имсол, хушбахтона маротибаи ҳаштум мешавад, ки мардуми саодатманди тоҷик бо ифтихор ва шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ба Парчами миллӣ-яке аз рукнҳои муқаддасоти давлатдории миллии хеш арҷ мегузорад.

Эътироф шудани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли он аст. Тамоми маҳбубиятҳо назди маҳбубияти Ватан ҳеҷанд.
Фаромӯш набояд сохт, ки «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»-изҳор дошт ӯ.

Дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ як қатор донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва гурӯҳи фаъоли «Авангард» дар васфи Парчами миллӣ, Ватан ва амсоли он шеърҳои пармазмун қироат карда, бори дигар ҳамсолони хешро ба дӯст доштани Ватани азиз, созандагию ободонӣ, нафъи безар доштан ба халқу давлат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ ва гиромӣ доштани шарафу номуси ватандорӣ даъват намуданд.

Дар хотима сарояндагони ансамбли «Сипар» ва Академияи ВКД бо сароидани суруду таронаҳои пурмазмун бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ ва арзи эҳтиром ба он, ба ин чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.
Рухшона Шукурова, Раҷаббек Илёсов.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад