Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи Президент»

Имрӯз (14.11.с.2017), дар маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Суғд ба муносибати «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Муҳимияти ин ҷашнвораҳои миллӣ ҳамчун қутбнамои сиёсати давлатдорӣ ва сарнавиштсоз будани онҳо дар ҳамоиш баррасӣ гардид.

Соли дуюм аст, ки 16 ноябр дар саросари ватани мо дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Ин эҳтироми мардум ва арҷгузориест нисбат ба Президент ва хизматҳои ӯ. Шаҳрвандони мамлакат бо ин васила аз сарвари худ ифтихор менамоянд.
Дар ҳамоиши илмӣ-назариявие, ки мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд баргузор намуд, ҳайати шахсии дастгоҳи РВКД дар вилоят, намояндагони Шӯрои созмони собиқадорони мақомот ва устодони муасисаҳои олии таълимӣ иштирок доштанд.
Маърӯзачиён оиди омили асосии муттаҳидии мардуми кишвар, ватандӯстию худшиносӣ баромад намуданд. Муовини сардори Раёсат полковники милитсия Мустафо Ҳасанзода ҷамъомадро оғоз бахшида зикр дошт, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои олӣ ва ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқу миллат нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Натиҷаи ин иҷлосияи таърихӣ самти муросоро муайян намуда, ба майдони сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид.

Дар мавзӯи «Иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми он дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдулло Орипов ба ҳозирин маълумот дод. Гуфта шуд, ки иҷлосияи мазкур роҳи наҷотро нишон дода ба миллати тоҷик Пешвои миллат офарид.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои суханшиносӣ Нуралӣ Нурзод дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фарҳанги сулҳ ва бунёди давлатдории миллӣ» баромад намуд.
Мавсуф фаъолияти ибратомӯзи Президенти Тоҷикистонро таҳлил намуда, фидокорӣ ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон таъкид дошт. Самараи заҳматҳои бесобиқаи чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва болоравии иқтидорҳои иқтисодии он мебошад. Илова бар ин, саҳм гирифтан дар ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра ва пешниҳодҳои ба нафъи башарият нигаронида шудаи Роҳбари Ҳукумати Тоҷикистон боиси сарфарозии ҳар як фарди сарзамин аст.
Рафти конфронс имкон дод, ки кормандони милитсия оиди Иҷлосияи тақдирсоз ва хизматҳои арзандаи Президенти Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ гиранд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад