Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

Ба муносибати таъсисёбии Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии кишвар, шоирону нависандагон, аҳли фарҳанг ва доираи васеи меҳмонону кормандони милитсия чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Чорабинии идонаро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик оғоз намуда қайд кард, ки милитсияи Тоҷикистон аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳамеша посдори сулҳу субот, оромиву осоиштагии мардум, тартибу низом ва кафили боэътимоди давлату миллат ба шумор меравад.

Сипас Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз номи Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои саҳми беандоза гузоштанаш дар корҳои ободониву созандагӣ ва дар симои роҳбари аввали мақомоти корҳои дохилӣ ба кулли кормандони милитсия арзи сипос намуда қайд кард, ки бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, ки солҳо боз таъмирро надида буду дар ҳолати начандон хуб қарор дошт, бо заҳмати шумо кормандони милитсия ба чунин толори зебову барҳаво табдил ёфтааст, ки ин ҳам бошад барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аҳли санъату фарҳанг тӯҳфаи арзанда мебошад.

Дар идомаи чорабинии бошукӯҳ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сипосномаи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ироа намуда зикр кард, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба Сарвари давлат барои дастгириву ғамхориҳои пайваста нисбати кормандони милитсия, собиқадорону нафақахӯрон ва наздикону пайвандони онҳо миннатдории худро изҳор менамоянд.

Инчунин қайд кард, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо итминони том гуфта метавонем, ки баҳри ҳифзи оромиву осоиштагӣ, амнияту болидахотирии мардуми кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун донишу малакаи касбии худро амалӣ намуда, вазифаҳои дар наздамон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоем. Ба давлату миллат ва Президенти худ ҳамеша содиқ будем, ҳастем ва хоҳем монд.

Дар идомаи чорабинии бошукӯҳ аҳли фарҳанг, ҳунармандону сарояндагони ансамбли созӣ-овозии «Сипар», курсантони Академияи ВКД шеърҳо аз маҷмӯаи «Парчами нанг», «Интихоби Пешво», «Ҳомии Ватан», «Пешвои муаззам», «Васфи Ватан» ва дигар сурудҳои ҷазобу дилкашро сароиданд. Инчунин ҳунарпешагон ва гурӯҳи рақсии балети Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, гурӯҳи дуторнавозон, ҳунармандони гурӯҳи рақсии ансамбли «Зебо», ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола», ансамбли «Ҷаҳоноро», ансамбли рақсии «Парасту», ансамбли рақсии «Чаман» ва ансамбли рақсии «Гулрез» бо ҳунари волои худ хотири ҳозиринро болида намуданд. Дар чорабинии идона сарояндагон ва ҳунарпешагон Шуҳрат Сайнаков, Татьяна Батвинкина, Анисаи Меликмурод, Фирдавс Ҳошимов, Ҷумахон Сафаров, Садриддини Наҷмиддин, Ғизол Иноят, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ва дигар чеҳраҳои намоёни санъати тоҷик суруду таронаҳои дилнишини худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии идона Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба аҳли фарҳанг дастагули тару тоза тақдим намуда, барои баргузор намудани чунин чорабинии идона изҳори сипос ва минатдорӣ кард.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад