Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шермардони ҷасуру родмардони замон

Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса дорад. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.
Ҷон ато бинмуда баҳри хоки поки кишваранд,
Шермардони ҷасуру родмардони замон.

Ҳамасола 10-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи милитсияи тоҷик» таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода чорабини бошукӯҳу хотирмон доир шуд.
Дар оғози чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба сухан баромада ҳамагонро ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, аз таърихи ин мақомот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва роҳҳои тайнамудаи он баромад кард.
Сипас, Искандар Солеҳзода дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияи тоҷик ба тадриҷ рушду нумуъ ёфта, ба дастовардҳои баланд ноил гарданд.
Ҳамин тавр, дар рафти чорабинӣ барои меҳнати софдилона ва пуршараф дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ба муносибати Рӯзи милитсия як қатор кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва дар шаҳру ноҳияҳои он, бо «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 100 нафар оилаҳои кормандони ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтида, собиқадорон, кормандоне, ки ҳангоми хизмат маъюб гардидаанд ва дигар кормандони РВКД дар вилояти Хатлон ва ба 16-нафар оилаҳои кормандони шуъбаи минтақавии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташакили Раёсати мазкур, ки зимни адои хизмат фавтидаанд, маблағҳои пулию молӣ расонида шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон барои хизмати содиқона ва софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, интизоми намунавӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои сардори Раёсати болозикр сарфароз карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар пешистода сарбаландона баромада, вазъи муътадили сиёсию ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандонро дар кишварамон таъмин менамоянд.
Дар интиҳои чорабинӣ суруду таронаҳои ҳунармандони вилоят ва ҷумҳурӣ дар васфи тинҷиву осудагии кишвар, хизматҳои фарзандони барӯманди миллат, мақомоти милитсияи тоҷик ва Тоҷикистони азиз пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.

Дар ин давра мақомоти милитсияи тоҷик рушду инкишоф ёфта, ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил гардиданд. Ин аст, ки ҳамасола 10-уми ноябр дар мамлакатамон Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана қайд карда мешавад.
Мо посдори номи нек, пояндадори кишварем,
Бо нангу ору бо шараф, бо ҳастиву пайванди худ.
Дар хизмати халқу Ватан истода бо ҷону дилем,
Содиқ бар Савганди худ, содиқ бар Савганди худ.
Дар саҳни бинои Дастаи таъиноти махсуси милитсияи вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Бохтар бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади бошукӯҳу хотирмон доир шуд. Дар оғоз Исматулло Мируллоев муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, ҳайати шахсии таъиноти махсуси милитсияро ба ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки таърихи таъсисёбии ин нерӯи пурқудрат собит кард, ки саҳми онҳо дар оромиву осудагии ҷомеа хеле назаррас мебошад.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки нақши ин нерӯи тавонои мамлакат дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирӣ ва кушодани ҳама гуна ҷинояткориҳо арзанда ҳисобида мешавад.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ сардори ситоди Дастаи таъиноти махсуси милитсия подполковник Одил Усмонов низ баромад намуда, ҳамагонро ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, барои кормандони ин ниҳод хизмати боз ҳам садоқатмандонаву шуҷоатмандона таманно намуд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи касбии кормандони милитсия дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъомад доир гардид.
Зимни оғози ҷамъомад муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Назарзода Ҷумахон ва масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон сарбозону афсарони қисми низомиро ба Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, аз ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисолҳои зиёд оварда, таъкид бар он доштанд, ки давоми 26-соли соҳибистиқлолӣ милитсияи тоҷик рушд ёфта, иқтидори он дар сатҳи баланд қарор дорад.
Дар фароварди ҳамоиш гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавонмард қарз ва шарафи бузург мебошад. Суруду таронаҳои ҳунармандони ҷавони вилояти Хатлон, ки иборат аз васфи Тоҷикистону ватандориро фарогир буд, ба чорабинӣ ҳусну таровати дигар зам кард.
Офоқи Қодирён, Далер Шарипов.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад