Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия

 

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баҳри таҷлили иди касбӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Ҳайати шахсии шуъбаю хадамотҳои дастгоҳи Раёсат ва собиқадорони соҳа дар ҷамъомад иштирок доштанд. Маросими пуршукуҳ аз гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдгорӣ, ки дар саҳни бинои маъмурӣ ба хотири гиромидошти кормандони зимни иҷрои вазифа ҳалок гардида бунёд ёфтааст, оғоз ёфт.

Бо ворид намудани Парчам ба толор ва сароидани Суруди миллӣ, ки нишонаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аст, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи касбиро ҷашн гирифтанд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р., ҳайати шахсиро аз номи роҳбарияти ВКД табрик намуда, аз давраи пайдоиш ва дастовардҳои имрӯзаи милитсияи тоҷик ёдовар шуд.
Мавсуф таъкид намуд, ки миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва Тоҷикистон ҳамчун макони амну осоишта шинохта гардид. Кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст ҳамчун сохтори таркибии Ҳукумат, баҳри нигоҳдории тартиботи комил ва амнияти бардавом пешоҳанг бошанд.

Дар партави Иди касбӣ бо Фармонҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р., кормандони зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ноил гардида бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои соҳавӣ, Сипосномаву Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика