Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сад бор шараф бод, шарафдори милиса!

Санаи 10-уми ноябр барои кормандони милитсия маҳбубияти хос дорад. Зеро таъсиси мақомоти корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин сана рост меояд. Ташаккулёбӣ ва ҳамчун сипари боэътимоди ҷомеа нуфуз пайдо кардани мақомоти милитсия натиҷаи заҳмати душвори шабонарӯзии намояндагони ин касби пуршараф аст.

Бар зидди ҳама ҳодиса девори милиса
Зеро ба Ватан содиқу ғамхори милиса.
Ҳомии Ватан-ҳифзи Ватанро бинамоӣ,
То субҳ нахуспида ту бедори милиса….
Санаи 8 ноябр дар толори театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази маъмурии вилояти Суғд «Рӯзи милитсияи точик»ро кормандони ҷузъу томҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва собиқадорони макомот дар фазои тантанавӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, ҳамкасбон - намояндагони ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии 18 шаҳру ноҳияҳои минтақа таҷлил намуданд.

Чорабинии идонаро сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ифтитоҳ намуда, таҷлили тантанавии «Рӯзи милитсияи тоҷик»-ро нишонаи таваҷҷӯҳи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ унвон карда, риштаи суханро ба меҳмонони чорабинӣ дод.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, аз номи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳомиёни ҳифзи тартиботро бо Иди касбӣ шодбош гуфт. Мавқеи милитсия дар ҳаёти имрӯза, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноят, боздошти нафарони ҷиноят содир намуда дар маърӯзаи Раҳматзода Р.М., зикр гардид.
Дар ин радиф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ 20 нафар кормандони милитсияро бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонид.

Табрикоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз тарафи муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба самъи ҳайати шахсӣ расонида шуд. Зикр гардид, ки дастгириҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои беҳдошти шароити хизмат собитгари он аст, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳамешаги таҳти ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Бо масъулияти дучанд иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ, сарфи маҳорату малакаи касбӣ ба манфиати халқу давлат, ҳиссагузор будан дар пойдории сулҳу субот дар Ватани маҳбуб вазифаҳое мебошанд, ки аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи милитсия сармашқи фаъолияти хизматӣ меҳисобанд.

Дар идома Абдулло Навҷувонов бо фармони ба тасвиб расидаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нафарро бо ҳавасмандиҳои гуногун рутбаи навбатӣ, медалу нишонҳои соҳавӣ, Сипосномаву Ифтихорнома аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қадршиносӣ намуд.
Ҳамчунин бо фармони сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р., 29 нафар ҳавасманд карда шуданд.
Дар ин ҷамъомад баҳри табрики ҳамкасбон намояндагони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-майори милитсия Асанов Курсан Саттарович ва сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Бодкен полковники милитсия Тагаев Ашим Гаппарович ташриф оварданд. Бо изҳори мамнуният аз ҳамкории ҷонибҳо, ки ҳамарӯза тақвият меёбад ҳамкасбонро ба таъсисёбии «Рӯзи милитсияи тоҷик» табрик намуда, Асанов К.С. ва Тагаев А.Г., изҳор доштанд, ки дар натиҷаи ҳамкории милитсияи Қирғизистону Тоҷикистон борҳо нақшаи хатарноки ҷинояткорон маҳв гардида, афроди ба ҷомеа хавфнок дастгир шудаанд.
Ҳамчун рамзи дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба рушди ҳамкорӣ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Асанов К.С. аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Исраилов Улан Джумабекович ҳамкасбони худро бо туҳфа ва нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонид. 

Дар фарҷоми ҷамъомади идона санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ ва вилоят бо ҳунарнамоии худ хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
Тавсифи ҳама кори туро халқ бигӯяд
Сад бор шараф бод, шарафдори милиса!
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад