Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолнокии донишҷӯён дар вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилӣ

Имрӯз (11.10.с.2017), дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи таҳсилоти олӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Вазири маориф ва илм Бозоралӣ Одиназода, ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии ВКД ва муҳассилини ин муассисаи таълимӣ ширкат варзиданд.
Вохӯриро ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода оғоз намуда, иштирокчиёни ҷамъомадро хушомадед гуфт. Номбурда дар баромади хеш қайд кард, ки ДМТ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои гуногун ҳамкории судмандро ба роҳ монда, пайваста бо иштироки роҳбарият ва намояндагони ин сохтори бонуфузи мамлакат суҳбату мулоқотҳо доир менамояд.

- Вохӯрии навбатии мо низ мувофиқи Нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, баҳри вусъати ҳамкориҳо дар самтҳои илм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд, - афзуд М. Имомзода.
Пас аз муаррифии дастовардҳои илмии Роҳбари аввали ВКД, риштаи сухан ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дода шуд.
Рамазон Раҳимзода зимни суханронии хеш дар бораи самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ - пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Мавсуф, ҳамчунин дар бораи хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм сухан ронда, омилу сабабҳои асосии пайвастани шаҳрвандону ҷавононро ба гурӯҳҳои тундгарову ифротгаро, надоштани дониши диниву дунявӣ, огоҳ набудан аз сохтори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва мавқеи муайян надоштан дар ҷомеа маънидод кард.
Вазири корҳои дохилӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», нашри китобу дастурамалҳои таълимӣ ва омӯзиши паҳлӯҳои мухталифи ин самти муҳими фаъолият изҳори андеша намуда, аз таърихи фаъолияти оперативии тоҷик, чорабиниҳои оперативӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни мурофиаи судӣ маълумот дод.
- Корманди оперативӣ агар дониши ғании ҳуқуқӣ ва малакаи касбӣ надошта бошад, дар ҷодаи фаъолияти хеш муваффақ намегардад, - афзуд Рамазон Раҳимзода.

Дар идома Вазири корҳои дохилӣ дар бораи эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» изҳори назар намуда, таъкид кард, ки ин ҳама дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбати ҷавонон, фароҳам овардани тамоми шароитҳо баҳри аз бар намудани илму дониш ва соҳибкасб гардидани насли ояндасоз боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Барои ба даст овардани комёбиҳо ҷавонон бояд нангу номуси миллӣ дошта, пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки боиси таассуф аст, ки бархе ҷавонон ба қадри ҳамаи ин пешравиҳо нарасида, даст ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ мезананд.
Инчунин, зимни баромади худ Рамазон Раҳимзода оид ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзим ва риояи ҳатмии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, гуфт, ки «қабули қонуни мазкур танҳо барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, пешгирии ҳама гуна хароҷотҳои зиёдатӣ дар баргузории маъракаҳо ва пешрафти ҷомеа равона гардидааст. Мебояд аз ҷониби ҳар яки мо талаботҳои ин қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар ҷумҳурӣ амал менамоянд, бечунучаро риоя гардад. Мо бояд дар тарғибу ташвиқи онҳо саҳмгузор бошем».
Дар қисмати хотимавии вохӯрӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён дар бораи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, сафарбарнамоии донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ ба ВКД, Стратегияву Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суолҳо дода шуда, аз ҷониби роҳбарияти ВКД посухҳои қаноатбахш пешкаш гардид.
Ба донишҷӯёни фаъол аз номи Вазири корҳои дохилӣ «Соати дастӣ», китоби «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бо фармоиши ректори ДМТ, барои саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти илм, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳамкориҳои судманд ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро «Ифтихорномаи ДМТ» супорида шуд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад