Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо курсантону иштирокчиёни озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ»

Имрӯз (04.10.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, бо курсантону иштирокчиёни озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» вохӯрӣ доир намуд.
Мавриди қайд аст, ки дар арафаи Рӯзи касбии кормандони оперативӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил карда мешавад, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» байни кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гузаронида мешавад.

Имсол низ вобаста ба таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ бо иштироки кормандони мақомотҳои дахлдор семинар-машварат баргузор гардида, озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» доир карда шуд.
Чӣ тавре, ки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни баромади худ изҳор дошт, мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва малакаю маҳорати кормандони самти оперативӣ буда, онҳо тарзи амалӣ кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, исботи гуноҳ ва ҳимояи ҳуқуқии худро меомӯзанд.
Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва иштирок дар маросими кушодашавии бинои нави ин боргоҳи илму маърифат суханронӣ намуда, ин рӯйдоди хотирмонро боиси ифтихор арзёбӣ намуд.

Мавсуф дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни самти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, қонунгузорӣ, тарзи қабул намудани қарорҳо ва пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти прокуратураю суд муфассал маълумот дода, зикр кард, ки баъди ба табъ расидани китобҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» (Қисми умумӣ ва Қисми махсус) фаъолияти кормандони оперативии тамоми сохторҳои марбута хеле сабук гардида, мушкилоти ҷойдошта бартараф карда шуд.
Сипас, тибқи ҷамъбасти озмун беҳтарин кормандони оперативӣ муайян гардида, барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату мадлакаи баланди касбӣ ва дониши аълои назариявӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони оперативӣ» бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз градонида шуданд. Аз он ҷумла:

- полковник Неъматов Зафар Сафарович –сардори шуъбаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- подполковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот – сардори шуъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД;
- подполковники милитсия Мазориев Ворис Файзалиевич – муовини сардори шуъбаи минтақавӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Ваҳдати Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД;
- подполковники милитсия Исматзода Оқилҷон Пираҳмад – муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров;
- подполковники милитсия Каримов Ҷурахон Исмоилович – сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;
- капитани милитсия Саидов Авазҷон Қувватшоевич – корманди ШВКД дар н.Файзобод;
- капитани хизмати маводи нашъаовар Ҳомидов Мирзораҳим Рақибович – корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ;
- капитани хизмати маводи нашъаовар Шамсиев Суҳроб Исмоилович – корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ;
- лейтенанти калони милитсия Ҳакимов Ҷонибек Абдумаликович – корманди РВКД дар вилояти Суғд;
- прапоршик Воситов Беҳруз Баҳодурович – корманди КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курсанти курси якуми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Самадова Миҷгона барои ба даст овардани медали тиллоии бозиҳои Осиё маблағи пулӣ дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» дар сатҳи баланд доир гардида, барои боз ҳам такмил ёфтани маҳорату малакаи кормандони ин самти муҳими мубориза зидди ҷинояткорӣ мусоидат хоҳад намуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад