Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Баъди мавриди истифода қарор додани мактаб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим ва ҳунаромӯзӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ шинос шуданд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 аз 4 ошёна буда, дар он 28 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, география, технология барои писарону духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият, толори варзишӣ бо 190 ҷойи нишаст, ошхонаи мактабӣ бо 120 ҷой, толори маҷлисгоҳ барои 360 ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасон, аз қабили дегхона барои гармидиҳии биноҳо сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида, моҳи августи соли 2017 ба анҷом расонида шудааст.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории Ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гардидааст. Корҳои сохтмониро ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Союз Сохтмон” бо сифати ба талаботи меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯй ба анҷом расонидааст.

Мактаби куҳнаи дар шафати мактаби нав ҷойгирбуда ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набуд ва бинобар афзоиши шумораи хонандагон дар ин ҷо дар маҷмуъ беш аз 4000 нафар таҳсил мекард.

Бо дарназардошти шароити вазнини таълим ва нарасидани ҷойҳои нишаст бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ мактаби наву замонавӣ қомат афрохт. Акнун мушкилии фарзандони сокинони ноҳия ҳал шуда, хонандагон имкон доранд дар синфхонаҳои замонавии барҳаво таҳсилро идома диҳанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи муосир дар саҳни ҳавлии ҳамин мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро ба сокинони ноҳия муборакбод намуда, онро туҳфаи арзандаи Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хонандагони ин даргоҳи илму маърифат маънидод карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат фаъолияти меҳнаткашони ноҳияро давоми 26 - соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ карда, оид ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба рушду пешрафти ҳамаи бахшҳои ноҳия андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат ҳамчунин дар оғоз кулли кормандони соҳаи маорифи кишвар ва устодону омӯзгорони ноҳияи Рӯдакиро ба ифтихори Рӯзи омӯзгор, ҷашни касбии аҳли маориф, ки ҳамасола дар аввали моҳи октябр таҷлил мегардад ва Рӯзи забони давлатӣ, ки 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ 160 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 116 ҳазор нафар хонанда, аз ҷумла 56 ҳазор нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли таҳсили гузашта қариб 7 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлат, Фонди захиравии Президент ва сарчашмаҳои дигар дар назди 86 муассисаи таълимии ноҳия 445 синфхона ва биноҳои нави иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Танҳо дар давоми солҳои 2007-2017 аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва аз тарафи соҳибкорони ватанӣ 54 бинои таълимӣ ва 127 синфхонаи иловагӣ барои 25 ҳазор нафар хонанда бунёд гардидааст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия сохтмони 7 бинои таълимӣ ва 108 синфхона барои қариб 6 ҳазор ҷойи нишаст бомаром идома дорад. Ҳамчунин, тибқи нақша вақтҳои наздик аз ҳисоби буҷети ноҳия бунёди боз 3 бинои нави таълимӣ барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот аз номи сокинони ноҳия кормандони касбу кори гуногун, фаъолон ва соҳибкорони ватандӯст баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва ваҳдату оромии сартосарӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад