Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ

Имрӯз (02.10.с.2017), мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҷаласаи Ситоди байниидоравии ВМКБ дар назди муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо иштироки намояндаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар толори РВКД дар ВМКБ баргузор гардид. 

Дар ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ роҳбарони Раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Гвардияи миллӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Дар рафти ҷаласа муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо моҳият ва муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳ дода, қайд кард, ки 11-уми июли соли равон, ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар мулоқот бо фаъолон ва шахсони мансабдори давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурият ва сабабҳои қабули қонуни мазкур ва паҳлуҳои манфиатовари он дар тӯли ин муддат баромад карданд.
Сарвари давлат дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон, алалхусус шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои таъмини адолат, риояи бечунучарои қонунгузорӣ, амният ва ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин манфиатҳои аҳолии мамлакат ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Бинобар ин, пеш аз ҳама шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои таъмин ва риояи қонуни мазкур масъул буда, ҷиҳати иҷрои он бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар ҷараёни ҷаласа, роҳбарони Ситоди байниидоравӣ дар вилояти мазкур баромад намуда, қайд карданд, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни аҳолӣ хуб пазируфта шуда, сокинони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон онҳоро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ ва риоя менамоянд. 

Дар идомаи ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо сатҳи ҷинояткориро дар ВМКБ мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри таъмини суботу оромӣ дар вилоят, амнияти шаҳрвандон, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ дастуру супоришҳои Роҳбари Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба ҳозирин расонид.
Ҳамчунин Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба иштирокдорони ҷаласа оиди волоияти қонун, сулҳу суботи кишвар, ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди роҳҳои вилоят, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти берақами қайди давлатӣ, сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ, бо рақамҳои қайди дигар давлатҳо ва тронзитӣ сухан ронда, ба аъзоёни Ситоди байниидоравии вилоят баҳри беҳтар намудани фаъолияти самтҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар хотимаи ҷаласа барои боз ҳам тақвият бахшидан ба фаъолияти Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ аз ҷониби роҳбарони раёсатҳои вазорату идораҳои дахлдор як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардиданд.
Гул Маҳбуба, Далер Чоршанбиев.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад