Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон

Боло рафтани эътиқоду эътимоди мардум ба милитсия ба он боис гардид, ки солҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ бештар гардида, дар баробари арзу муроҷиат онҳо барои пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини суботу оромӣ ҳамкории худро дареғ намедоранд.
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳар рӯзи шанбе шаҳрвандон қабул карда мешаванд.
Имрӯз (30.09.с.2017), муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом як зумра шаҳрвандонро, ки бо масъалаҳои гуногун ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуданд, қабул карда арзу шикояти онҳоро мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дод.
Мазмун ва моҳияти арзу муроҷиат бештар дар бораи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, муноқишаҳои оилавӣ, баргардонидани маблағ, содиршавии ҷиноятҳо ва арзи миннатдорӣ ба кормандони милитсия иборат мебошанд.
Дар баробари қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат, ҳамзамон ба воситаи телефонҳо ва сомонаи вазорат мунтазам дар иртибот бо корафтодагон масъалаҳои ба миёномада чораҷӯӣ карда мешаванд.
Тавассути телефони “Мадад 1919" пайваста хабарҳо оид ба содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон ба қайд гирифта мешаванд, ки ин аз беҳтар гардидани робитаи кормандони милитсия бо аҳолӣ шаҳодат медиҳад ва онҳо бештар оиди ҳалли мушкилоту масъалаҳои ба миёномада, ба мо муроҷиат менамоянд.
Муроҷиати шаҳрвандон асосан дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, шиносномадиҳию бақайдгирӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, тафтишот, кадр ва кофтукови ҷиноӣ қабул карда шуда, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика