Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз дастовардҳои замони Истиқлол

Ҳафтаи сипаригардида роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Федератсияи Россия пас аз вохурӣ ва сӯҳбати самимона бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи вохӯриҳои худ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россияро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сангинзода Эмин Нӯъмон ва роҳбарони шӯъбаву бахшҳои вазорати мазкур пешвоз гирифта, бо онҳо ҳамсӯҳбат гардиданд.
Дар ҳамоиш муовини Вазир Сангинзода Э.Н., аз номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тағойзода Сумангул Саид меҳмонон ва дар симои онҳо тамоми ҳамватанони бурунмарзиро бо 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаашон барору комёбӣ тамано кард.
Зимни сӯҳбат Эмин Сангинзода зикр кард, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон беҳтарин неъмат ва дастовард баҳисоб рафта, пойдориву устувории он аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, то ба имрӯз боз ҳам устувортар гардидааст.

Инчунин мавсуф ба Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои саҳмгузорӣ ба ташрифи намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони ФР ва ҳамкориҳои судманди ин ду сохтор арзи миннатдорӣ намуд.
Дар вохӯрии баргузоргардида Сангинзода Эмин оид ба кору фаъолият ва дастоварду пешравиҳои ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия, муҳоҷирону ҳамватанони бурунмарзӣ суханронӣ намуда зикр кард, ки бо дастгириву кӯмаки ҳамаҷонибаи шумо муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик тӯли солҳост, ки дар ин кишвар донишандӯзиву фаъолият намуда истодаанд. Ва мо дар навбати худ баҳри беҳбудиву пешрафти фаъолияти шумо ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ҳарчи бештар кӯшиш хоҳем кард.

Зимни вохурӣ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ арзи сипос намуда, барои пешрафту боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ таклифу пешниҳодҳои судманд манзур намуданд, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хуш пазируфта шуд.
Дар идомаи вохӯриҳои баргузоршуда, ҳайати намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони ФР, бо пешниҳоди Вазири корҳои дохилӣ ба бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварданд.
Дар саҳни бино меҳмононро сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон, сардори Академияи ВКД, генерал-мийори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон ва устодони Академияи мазкур пешвоз гирифтанд.
Зимни боздид меҳмонон бо дастовардҳои ин муассисаи таълимии бонуфузи кишвар дар замони Истиқлолият, тарз ва сохти бино, синфхонаҳо, ҳуҷраҳои кории кормандон, китобхона ва китобхонаи электронӣ, толори маҷлисгоҳ, техникаву таҷҳизоти омӯзишии курсантон, шароитҳои таҳсилу илмомӯзӣ ва иҷтимоиву маишии шунавандагон аз наздик шинос гардиданд.

Ҳангоми боздид аз ин муассисаи замонавии таълимӣ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони ФР, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаҷониба дастгириву ғамхориҳояшон нисбати халқу миллат, насли ояндасози ҷавон, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон аз самими қалб минатдорӣ намуда, инчунин иброз доштанд, ки мо ба ин ҳама дастоварду тараққиёти Ватанамон ба роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар аҳсан мехонем ва дар навбати худ саъй менамоем, ки дар оянда ба чунин пешравиҳо саҳмгузор бошем.
Бо роҳбаладии муттасадиёни Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати гурӯҳи намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони ФР барои иштирок дар тантанаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгоҳи Марказии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Аз баргузории чорабинии идона ҳар яки онҳо таасуроти бардоштаи худро бо қаноатмандӣ бо ҳам баён менамуданд.
Пас аз баргузор гардидани чорабинии идона, рӯзи 10-уми сентябр ҳайати намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони ФР бо роҳбаладии масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ба маҷмааи Кохи Наврӯз, ки ин маҷмаа яке аз беҳтарин дастовардҳои замони Истиқлолият мебошад, ташриф оварданд.
Ҳангоми боздид тарҳ, нақшу нигор, кандакориҳову санъати баланди меъмории толорҳои васеъу барҳавои ин маҷмааи бошукӯҳу боҳашамати диёр, қалби меҳмононро тасхир намуд.
Сипас дар доираи боздидҳо аз манзараву маконҳои илму фарҳанг ва гӯшаву канори шаҳри Душанбе ҳайати намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Дар ин макони таърихӣ ҳайати намояндагонро масъулини шӯъбаҳои табиат, Таърихи бостон ва асрҳои миёна, Таърихи нав ва навтарин, инчунин шуъбаи Санъати тасвирӣ ва амалӣ роҳбаладӣ намуда бо осори гаронбаҳои ин махзан, табиати бойи кишвар, таърихи миллати тоҷик шинос намуда аз дастовардҳои Осорхонаи миллӣ ба ҳозирин маълумот доданд.
Ҳайати гурӯҳи намояндагон, низ дар навбати худ Осорхонаи миллиро дастоварди бузурги миллати тоҷик арзёбӣ намуда зикр карданд, ки Осорхонаи миллӣ - бозгӯи яке аз шохаҳои фарҳанги миллат буда, таърихи ғании халқи тоҷикро назди меҳмонону сайёҳон ва ҳамчунин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Ҳар як фарди солимфикру бофарҳанг, баору номӯси ин сарзамин бояд заҳмату талошҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатамонро қадр намояд ва ин ҳама дастовардҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад.
Дар ҷашнҳои идона ва вохӯриву боздидҳои худ, ҳайати роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия барои даъват гардиданашон ба таҷлили тантанаҳои ҷашнии 26-уми солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба Пешвои миллат аз самими қалб арзи сипос намуданд. Инчунин ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва масъулине, ки пайваста онҳоро ҳамроҳӣ менамуданд изҳори минатдорӣ карданд.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад