Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РВКД дар ВМКБ: Бунёди боз як мактаби нав дар водии Бартанг

Хонандагони мактаби таҳсилоти асосии №35 деҳаи Рухчи ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рушон соҳиби бинои нави замонавӣ гардиданд.
Ин бино бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дастгирии молии соҳибкори муваффақу ватандӯст Нағзибек Нағзибеков, зодаи деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рушони ВМКБ бо сарфи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону омӯзгорон ва волидони онҳо чун тӯҳфаи идона мавриди истифода қарор дода шуд.
Бунёди ин биноро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Мулкамон-1 бар ӯҳда гирифта, дар муддати як сол бо сифати хуб ба анҷом расонид. Тарҳи бино низ хеле зебову ҷолиб буда, ҳамзамон бо таҷҳизоти муосири таълимию техникӣ таъмин гардидааст. Саҳни таълимгоҳ, долону синфхонаҳояш васеъ ва барҳаво буда, барои баргузории дарсҳои кушод, чорабиниҳои фарҳангию адабӣ, конфронсҳои илмӣ басо мувофиқ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ Раиси ноҳияи Рушони ВМКБ Имомназар Хоҷаназар Лутфулло, сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев ва муовини сардори РВКД дар ВМКБ Эраҷ Азизмамадов ширкат намуданд.
Раиси ноҳияи Рушон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло хонандагону омӯзгорон ва аҳли деҳаро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва бо кушодашавии бинои нави муассисаи таълимӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамаи ин пешрафту дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва ҳам фазои сулҳу амонӣ дар кишвари азизи мо маҳз тавассути Истиқлолият ва Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ арзи вуҷуд намудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кору зиндагии сокинони дурдасти ҷумҳурӣ ва бахусус водии Бартанги ВМКБ таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир мекунад ва бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳамасола барои бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангу варзиш маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд.
Бунёди ин таълимгоҳи замонавӣ низ маҳз бо дастури бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифта, вазифаи мову шумо хонандагон, омӯзгорон волидон ин аст, ки дар ивази ин дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат таълиму тарбияро ба дараҷаи зарурӣ баланд бардошта, барои Ватани худ мутахассисони варзидаю соҳибкасб омода намоем.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев қайд кард, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҳукумати кишвар ба шумор рафта, Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ низ ба ҳамаи вазорату кумитаҳо дастур дод, ки дар таълиму тарбия ва ба воя расонидани мутахассисони оянда саҳмгузор бошанд.
Сарвари муассисаи таҳсилоти асосии №35 Истиқбол Султонҳайдаров аз ташаббусу ғамхориҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкори ватанӣ изҳори сипосгузорӣ намуда қайд кард, ки бо истифода аз чунин шароити мусоиду муосир омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки таълиму тарбияи насли наврасро мутобиқи замони муосир ба роҳ монанд.
Раиси ҷамоати деҳоти Савноби водии Бартанг Маллабек Маллабеков низ ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди мактаби мазкур саҳми худро гузоштаанд, минатдории кулли сокинони ҷамоатро баён намуд.

Яке аз собиқадорони меҳнат, ки тамоми умри худро ба таълиму тарбияи фарзандони ҳамин деҳа сарф кардааст иброз дош, ки солҳои пеш мо доимо орзу мекардем, ки соҳиби чунин таълимгоҳ бошем, аммо хушбахтона маҳз ҳамин рӯз дар остонаи Иди бузурги Истиқлолият ба орзуи деринаи худ расидем ва мо аз ин фахр мекунем, ки моро Пешвои миллат ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин водии дурдасти кишвар дастгирӣ карда истодаанд.
Аҳли деҳа бори дигар бо шодию фараҳ аз самими қалб ба Сарвари давлат, ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соҳибкори ватанӣ ва бинокорон сипоси бепоёни худро изҳор намуда, изҳор доштанд, ки дар навбати худ саъю талош мекунанд, то фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстию ватандорӣ, баҳри пойдории ҳамешагии сулҳу суботи Тоҷикистони азиз равона созанд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад