Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имрӯз (08.09.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии ВКД ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати шарҳ додани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳимзода А.А. моҳият ва муҳтавои тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ муфассал шарҳ дода, зикр кард, ки 11 июли соли равон, ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар мулоқот бо фаъолон ва шахсони мансабдори давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурият ва сабабҳои қабули қонуни мазкур ва паҳлуҳои манфиатовари он дар тӯли ин муддат баромад карданд.
Сарвари давлат дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон, алалхусус шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ барои таъмини адолат, риояи бечунучарои қонунгузорӣ, амният ва ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин манфиатҳои аҳолии мамлакат ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Бояд қайд намуд, ки қаблан лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба муҳокимаи умум гузошта шуда, шаҳрвандон андеша ва пешниҳоди худро тавассути воситаҳои ахбори омма манзур карда буданд.
Аз ин лиҳҳоз бо пешниҳоди Сарвари давлат зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш омад, зеро дар ҳаёти рӯзмарра масъалаҳои ҳалталабе пеш омаданд, ки ислоҳи онҳо ногузир мебошад.
Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Дар идомаи вохӯрӣ сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон тағйиру иловаҳои воридгардидаро ба «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эзоҳ дода, ба таври мукаммал ва возеҳу равшан ба самъи кормандони милитсия расонид.

Дар хотимаи чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бахшида ба фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба як қатор собиқадорони соҳа тӯҳфаҳои пуливу молӣ тақдим намуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад