Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият - неъмати бебаҳост!

Имрӯз (08.09.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Хатлон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сардори раёсат генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар ҳайати шахсии Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар вилоятро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин чашни пуршукӯҳ аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, қайд намуд, ки Тоҷикистони азизи мо бо неъмати бебаҳои истиқлол ва худшиносии миллӣ устуворона қадам гузошта истодааст, ки ин албатта самараи меҳнати пурмашаққати роҳбари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон баҳри таъмини амнияту осоиши мардум, осмони софи диёр, риояи волоияти қонун ва пешрафти ҷамъият пайваста талош меварзанд. Мардуми кишвар саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату далерии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилиро дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии худ ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва Савганди хизматӣ баҳо медиҳанд.
Аз ин рӯ, бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки кормандони милитсия ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа дар ҷараёни мушкилоти шаҳрвандон ва ҳалли онҳо дар доираи вазифаҳои хизматӣ, инчунин тарбияи насли наврас дар руҳияи ахлоқи ҳамида ва ҳисси ватандӯстӣ ҳисагузор бошанд.
Инчунин дар рафти ҷамъомад собиқадорон баромад намуда, шукргузории хешро аз сулҳу осоиштагии кишвар иброз доштанд.
Бахшида ба муносибати 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои роҳбарияти ВКД ва Раёсати он дар вилояти Хатон оид ба қадршиносии як қатор кормандони милитсия ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ қироат гардида, дар ин санаи таърихӣ онҳо бо медалу орден, рутбаҳои навбатӣ ва Сипосномаву туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Мируллоев И. баромад намуда, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки Истиқлолият-неъмати бузург буда, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии мардуми азизи Тоҷикистонро ифода менамояд.
Чорабинӣ ба иштирокчиён рӯҳу илҳоми тоза бахшида, дар фазои мутантан анҷом пазируфт.
Офоқи Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад