Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият беҳтарин дастовард ва нангу номуси ватандорист

Имрӯз (08.09.с.2017), дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт бахшида ба таҷлили ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Раёсат ва сардорони Шуъбаҳои он дар минтақа баргузор гардид.

Чорабиниро сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Шафизода Р.И. ҳусни оғоз бахшида, тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки «Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ташаббусу пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша аз ҷониби роҳбарони кишварҳои дунё хуш пазируфта шуда, мавриди дастгирӣ қарор мегирад.
Қобили зикр аст, ки обрӯ ва нуфузи ҷаҳониро соҳиб гардидан ва мавқеи хосаро пайдо намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои олам, маҳз аз шарофати истиқлолият аст.
Бояд қайд намоям, ки мардуми шариф ва сарбаланди Тоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, беҳдошт ва некуаҳволии сокинони кишвар, таҳкими истиқлолият ва таъмини суботу оромӣ дар минтақа бо азму талоши қатъӣ ва меҳнати софдилона ба фардои дурахшон қадамҳои устувор мениҳанд».
Дар идомаи баромад сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Шафизода Р.И. баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати шахсӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ Шафизода Рустам Исмоил бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандонеро, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорономаю Раҳматномаҳо сарфароз гардонид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика