Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлолият

7-уми сентябри соли равон дар толори РВКД дар вилояти Суғд ба ифтихори таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Кормандони милитсия ва собиқадорони соҳа 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки чун падидаи нодири таърихӣ дар давраи навини давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад, дар фазои идона таҷлил намуданд.
Бо ворид гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ ҳусни оғоз гирифт.
Нахуст сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо сухани табрикӣ баромад намуда, аз рӯзҳои аввалин ва вазнини бадастоварии Истиқлолияти давлатӣ, ҷонбозиҳои кормандони милитсия дар ҳифзи соҳибистиқлолӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятии он солҳо ҳарф зад.

Истиқлолият беҳтарин арзишеаст, ки ҳастии ҳар халқу миллатро ифода намуда, орзуву омоли ватандориро дар худ таҷассум мекунад. Саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолият ҳар давлатро ба осонӣ муяссар намегардад. Ватани ҷоноҷони мо Тоҷикистон низ то расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ монеаву мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард, вале хиради азалии тоҷикона ва ақлу иродаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳамдиливу хушбахтӣ оқибат тантана кунад, – зикр намуд Шариф Назарзода зимни суханрониаш.

Сипас роҳбари мақомоти корҳои дохилии вилоят аз дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва ҳарбиву низомии кишвар, ки дар даврони Истиқлолият ба даст омадааст, суханронӣ намуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки саҳми сохтору мақомотҳои давлатӣ аз ҷумла мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ зери роҳбарии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва Истиқлолияти комили Тоҷикистони ҷавон хеле назаррас аст. Зеро дар таҳкими сулҳ ва устувории пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа, ки имрӯзҳо ҷомеаи гуногунмиллати Тоҷикистон зиндагии осударо соҳиб аст, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нақши арзанда доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони 26 соли соҳибистиқлолӣ кормандони мақомоти милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳамқадам, муҳофиз, мубориз ва сипари боэътимоди Истиқлолият ва мардуми кишвар будани худро исбот намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинии тантанавӣ, ба муносибати 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти ВКД ва Раёсати он дар вилояти Суғд фармонҳо оиди қадршиносии меҳнатҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва саҳми арзандаи собиқадорон дар таълиму тарбияи насли ҷавони милитсия ба имзорасида, қироат карда шуда, як қатор кормандони мақомот дар ин санаи таърихӣ соҳиби медалу орден, рутбаҳои навбатӣ ва сипосномаву туҳфаҳои молӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо шеъру сурудҳои ҳунармандони шинохтаи вилояти Суғд ҷамъбаст гардид.

Муҳсин Юсупов лейтенанти калони милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад