Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳумоюн бод Истиқлоли тоҷик!

Дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар ВМКБ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ оғоз гардида, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ҳайати шахсии Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар вилоятро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин рӯзи фирӯзу муқаддас, 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният намуд.

Мавсуф қайд кард, ки солҳои аввали Истиқлолият барои ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон солҳои ниҳоят вазнин ва гарон афтода, маҳз кӯшишу заҳмати азими хастанопазири шабонарӯзии халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки сулҳу субот дар кишвар таъмин, низоми конститутсионӣ барқарор ва ваҳдати миллӣ ба даст ояду як миллион фирориён ба Ватан баргардонида шаванд. Рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ, низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар аз сари нав ташкил ва ба нафъи халқу давлат рӯз то рӯз беҳтару хубтар кор кунанд. Аз ин ру ҳар яки мо бояд Ваҳдату Истиқлолияти кишварамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем ва баҳри пойдории ҳамешагии сулҳу субот саъб талош варзем.
Муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Ғайратшо Муборакшозода аз таърихи солҳои аввали Истиқлолият сухан намуда гуфт, ки яке аз хизматҳои ниҳоят бузурги Сарвари давлат барои халқи тоҷик ин буд, ки давлату миллатро аз нестшавию парокандагӣ, аз ғарибию оворагӣ наҷот дода боз онҳоро гирди ҳам ҷамъ овард ва ба эъмори давлати навини тоҷикон оғоз бахшид. Минбаъд Тоҷикистон ба ҳайси як ҷумҳурии соҳибистиқлол аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба расмият шинохта шуд.
Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ сулҳи тоҷикон ва заҳмати Сарвари давлати тоҷиконро сулҳофари раҳоӣ аз даргириҳои дохилӣ ва ё ҷанги шаҳрвандӣ унвон кард. Ҳоло бисёре аз давлатҳои ҷангзада таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва дар суботу оромии кишвари худ аз он истифода мебаранд. Барои мо низ зарур аст, ки ба насли ҷавон оқибатҳои даҳшатбори даргириҳои дохилиро фаҳмонем ва дар роҳи риояи волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ, дӯстию рафоқат, ҳурмату эҳтироми ҳамдигар, тарбия намоем.
Муфатиши калони Шуъбаи тафтишотии Раёсати мазкур капитани милитсия Бахтиёр Мулоев зимни баромад иштирокдорони чорабиниро табрику таҳният намуда қайд кард, ки мо ҷавонон сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамеша тарафдорӣ намуда, дар ободонии кишвари азизамон саъю кӯшиш менамоем, зеро ҷумҳурии мо яке аз 10 давлати амнтар дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва мо аз он ифтихор менамоем.
Нозири гурӯҳи таҳлилӣ ва банақшагирии ДТММ РВКД дар ВМКБ Ҳангома Тиллобековна қайд намуд, ки маҳз бо шарофату ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа боло гардида, мо имрӯзҳо метавонем барои ваҳдату истиқлолияти муқаддаси кишвари азизамон дар баробари мардон дар сафи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намоем.

Дар маҷлиси тантанавӣ инчунин собиқадорони милитсия ва толибилмони мактаби Президентии шаҳри Хоруғ таманниёти худро ба иштирокдорони ин чорабинӣ иброз намуданд.
Барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ ва ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро бо медалҳо, рутбаҳои навбатӣ, Раҳматнома ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.
Далер Чоршанбиев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад