Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳама ҷо тантанаи Истиқлол

Истиқлолияту озодӣ мафҳумҳои ба ҳам монанд буда, орзуи чандинсолаи халқи азизамон ба ҳисоб мерафт. Воқеан ҳам истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо эътироф гардида, ормони ҳазорсолаи мардуми меҳнатқарину озодихоҳро дар худ инъикос намудааст.
Агар ба китобҳову филмҳои ҳунариву бадеӣ назар намоем, инсоният ҳамеша баҳри истиқлолият талош меварзад ва баҳри ба ҳадафрасӣ иқдомҳои наҷибу мақсадҳои муҳиму заруриро амалӣ месозанд, зеро агар аз нуқтаи назари қонунгузорӣ нигарем, бадтарин ҷазо, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ муаяйн намудааст, ин маҳрум намудани шахс аз озодӣ мебошад, - иброз намуд сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб, полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад зимни чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин чорабинии хотирмон раиси ноҳияи Варзоб, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва ҳайати шахсии шуъбаи милитсияи ин ноҳия ширкат варзиданд.
Сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ёдоварӣ аз саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҳарф зада, изҳор дошт, ки дар солҳои нобасомонӣ баҳри ҳифзи соҳибистиқлолии мамлакат зиёда аз 2 ҳазор кормандони милитсия ҷони азизи хешро аз даст додаанд. Ҳамчунин, зиёда аз 5 ҳазор корманд баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ захмӣ гардидаанд, ки онҳо ҳамеша таҳти ғамхории роҳбарияти давлат ва Вазорати корҳои дохилӣ қарор доранд.

Мавсуф меҳмонону ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин санаи таърихиву фархунда табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору зиндагиашон барору комёбиҳои нав ба навро таманно намуд.
Раиси ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Назирзода дар навбати худ фазои озоди зиндагӣ ва кору фаъолиятро орзу намуда, зикр намуд, ки бошад, ки доимо дар кишвар сулҳу оромӣ пойдор бошад.
Савзаалӣ Назирзода дар идомаи баромади худ иброз намуд, ки имсол барои мардуми шарифи мо аз ҳар ҷиҳат соли бунёдкориҳову пешравиҳо ва соли фаромӯшнашаванда хоҳад буд, зеро мардуми сарбаланди тоҷик 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 26-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои дӯстӣ ва сулҳу субот истиқбол менамоянд.
Иқдоми неку хайрхоҳонаи дигар, ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» аз таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат ба ин қишри ояндасоз гувоҳӣ медиҳад.
Раиси ноҳия ҳамчунин бо қаноатмандӣ аз саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ пешгирӣ ва ошкорсозии ҷинояткорӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб сухан ронда, хизмати кормандони милитсияро намунаи олии вафодорӣ ба халқу Ватан боҳо дод.
Дар идома раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Варзоб Шамсиддин Маҳкамов бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири солҳои соҳибистиқлолӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ андешаҳои худро перомуни файзу баракати истиқлол дар ин ноҳияи сайёҳӣ изҳор намуд.
Ба андешаи мавсуф, имрӯзҳо пирону нафақахӯрони ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб миннатдор буда, мекӯшанд то ки саҳми худро дар тарбияи наврасону ҷавонон гузоранд.
Дар ин чорабинии тантанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба якчанд нафар кормандони шуъба барои ҳамкориҳои судманд дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, натиҷаи хуби фаъолияту хизмати содиқонаву софдилона «Сипоснома», «Ифтихорномаи фахрӣ» ва «Раҳматнома»-ҳо супорида шуд.
Инчунин, ба якчанд кормандони ҷавон аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи милитсия рутбаҳои навбатӣ ва ба собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон, баҳри болидахотирии собиқадорону ҳайати шахсӣ дастурхони идона густурда шуда, чорабиниии фарҳангӣ доир гардид, ки анҷомбахши истиқболи Истиқлол дар ШВКД дар ноҳияи Варзоб буд.
Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад