Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо ВКД Ӯзбекистон

Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар
намуданд.

Дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Азизов Абдусалом Абдумавлонович вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкориҳои дуҷониба як қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.
Гул Маҳбуба 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика