Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ дар РВКД минтақа ва ноҳияи Рашт

Ҳафтаи сипаригардида мутобиқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ вобаста ба вазъи интизоми хизматӣ, риояи қонуният ва иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон, сардори РВКД дар минтақаи мазкур полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил ва ҳайати шахсӣ доир гардид.

Сараввал сардори РВКД дар ин минтақа полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил доир ба вазъи интизоми хизматӣ ва риояи қонуният дар давоми ҳафт моҳи соли 2017 муфассал маълумот дода, зикр кард, ки талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби аҳолӣ риоя гардида, мавриди иҷроиш қарор доранд.

Дар рафти ҷаласа сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон баромад намуда, оид ба риоя намудани қонуният ва даст назадани кормандон ба амалҳои коррупсионӣ, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба иҷрои қонунҳои амалкунанда суханронӣ кард.
Ҳамчунин мавсуф як қатор дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ба самъи ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт расонид.
Ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт изҳор доштанд, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро, ки аз Паём ва вохӯрию мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеа бар меоянд, сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани онҳо саъю талош меварзанд.
Гул Маҳбуба.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика