Имрӯз (13.07.с.2017), дар идомаи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Маркази таълимӣ ва фароғатии ВКД дар ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, аз шароитҳои муҳаёгардида ва корҳои ободонию созандагӣ дидан кард.
Сипас дар Маркази таълимии мазкур аз ҷониби Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар вилояти Суғд машқҳои низомӣ-тактикӣ доир гардида, омодагии ҷисмонӣ ва малакаю маҳорати онҳо дар шароити кӯҳсор бо дарки баланди касбӣ намоиш дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни сӯҳбат бо ҳайати шахсии ДТММ дар вилояти Суғд қайд кард, ки роҳбарияти давлату ҳукумат барои беҳтар намудани шароити хизмативу иҷтимоии кормандон доимо ғамхорӣ зоҳир намуда, хизмату ҷонфидоиҳои муҳофизони халқу Ватанро қадр мекунад.
Таъкид карда шуд, ки дар баробари ин дастгириҳо кормандони таъиноти махсус бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, маҳорату малакаи касбии худро мунтазам сайқал дода, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир оштинопазир бошанд.
Мавриди зикр аст, ки Маркази таълимӣ ва фароғатии ВКД дар ноҳияи Шаҳристон бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои гузаронидани машқҳои тактикӣ-низомӣ мусоид мебошад.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>
Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Муфассал >>>
Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
Муфассал >>>
Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>
Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд Муфассал >>>
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии Муфассал >>>