Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поси хотири марди накуном

Имрӯз (15.06.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 70-умин солгарди зодрӯзи собиқ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович маросими гиромидошт баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин наздикону пайвандони шодравон иштирок доштанд.

Чорабиниро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз намуда, изҳор дошт, ки имрӯз ба мавлуди яке аз шахсиятҳои барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ азизу муътабар, собиқ Вазири корҳои дохилӣ, шодравон Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович 70-сол пур мешавад.

Ин санаи хотирмон барои онҳое, ки дар солҳои душвори 90-уми асри гузашта ва ибтидои солҳои 2000-ум барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона ва софдилона хизмат намудаанд, фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро ин марди шариф тӯли солҳо дар шароити душвори сиёсию иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ, дар вазифаи басо душвору масъулиятнок ва бошараф, яъне роҳбарии мақомоти корҳои дохилии кишвар адои вазифа намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чунин маҳфилҳои поси хотири собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки баҳри барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, таъмини сулҳу амният ва пойдории ҷомеа ҷонбозиҳо кардаанд, баргузор мегарданд.

Дар идомаи чорабинӣ, раиси Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм зимни суханрониаш ин санаро хотирмон арзёбӣ намуда, афзуд, ки милитсияи тоҷик номи ин абармарди мақомоти милитсияро бо ифтихор ба забон оварда, хизматҳои сазовори ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад.

Сипас, Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ аз фаъолияти корӣ ва хислатҳои неки шодравон Ҳомиддин Шарифов ёдовар шуда, мавсуфро ҳамчун шахси масъулиятшинос ва ватандӯст муаррифӣ намуд. Қайд гардид, ки нақш ва хизматҳои шодравон дар зинда намудани таърихи милитсияи тоҷик, пешрафту дастовардҳои Вазорати корҳои дохилӣ, беҳбудгардонии шароити кору хизмати ҳайати шахсӣ бузург аст.

- Дар солҳои роҳбарии Ҳомиддин Шарифов ба таърихи миллати тоҷик ва мақомоти корҳои дохилӣ, ки сохтори муҳими он ба шумор меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешуд, - иброз дошт А. Розиқзода. 

Ҳамчунин, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ генерал-майорони мустаъфӣ Ҳабибулло Маҷидов, Раҳмонқул Зоиров ва полковники мустаъфӣ Неъматулло Билолов аз хотироти давраи кору фаъолият ва саҳми шодравон Ҳомиддин Шарифов дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ, ғамхорию таваҷҷуҳ нисбати ҳайати шахсии мақомот, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат ва дигар паҳлуҳои зиндагиномаи ин марди бузург ёдовар гардиданд. 

Дар идомаи чорабинӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба наздикони шодравон Ҳомиддин Шарифов туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Фарзанди шодравон Ҳомиддин Шарифов - Аҳлиддин Шарифов, ки идомадиҳандаи касби падар буда, айни ҳол сардории ШВКД дар ноҳияи Балҷувонро ба уҳда дорад ва бародари марҳум, собиқадори мақомот Камолиддин Ҳасанов барои чунин ташаббус ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миннатдорӣ баён намуда, аз чунин иқдом болидахотир гардиданд.
Р.Илёсов, Х.Солиҳов, Н.Ҷобиров
 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад