Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатм дар Академияи ВКД ва таманнниёти ҷавонони хуштолеъ

Дар маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз - 15-уми июн дар саҳни ин муассисаи таҳсилоти касбӣ доир гардид, оид ба дастгириву зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати ҷавонон, таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД ва Академияи он ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мутобиқ, фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзӣ барои курсантҳо ва дар ин замина бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ибрози назар карда шуд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки бо иштироки роҳбарияти ВКД, ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва волидони онҳо баргузор гардид, факултети №1-и ин даргоҳи илмро дар самти идоракунии давлатии маҳаллӣ 7 нафар шунавандагон, факултети №2-ро бо ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» 150 нафар ва факултети №5-ро бо ихтисоси «Оташнишонӣ» 23 нафар курсантон хатм намуданд, ки аз факултети №1-ум як нафар (полковники милитсия Наргис Отаҷонзода) ва аз факултети №2-юм ду нафар (Сафармуҳаммад Мардонов ва Ҳусниддин Давлатов) соҳиби дипломҳои аъло шуданд.
Тавре муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар ин маросим изҳор намуд: «Мо, ки дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ба ин муносибат шумо - хатмкунандагони азиз, инчунин тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро бо ин санаи тақдирсоз самимона табрик менамоям. Умедворем, ки ҳамагон зери парчами Ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ, рушду тараққиёт, сабзу хуррам гардонидани сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва пойдории давлату миллати куҳанбунёдамон камари ҳиммат баста, сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мениҳем».
Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ дар тақвияти суханонаш афзуд, ки Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ зодаи даврони Истиқлолият ва ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон буда, тавонистааст дар муддати на чандон тӯлонии фаъолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

«Мисоли равшани он шумо - хатмкунандагони муҳтарам мебошед, ки имрӯз ҳамчун мутахассисони баркамол барои таъмини амнияту суботи кишвар ва умуман, хизмат ба миллату давлати хеш саф кашидаед. Вале набояд фаромӯш кард, ки оғоз аз ин лаҳзаҳои идона ва хотирмон, давлату миллат дар назди шумо масъулияти бештареро аз ҷумлаи таъмини амнияту суботи комили ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир мегузорад. Албатта, бо боварии комил метавон гуфт, ки бо донишу маърифат ва ҷаҳонбии андӯхта аз омӯзгорону роҳбарони хеш, аз уҳдаи чунин масъулият низ сарбаландона баромада метавонед», - афзуд ӯ.
Мавсуф ба масъалаи муҳим - омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан барои мақомоти корҳои дохилӣ дахл намуда, аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самти асосӣ ёдовар шуд. А.Аламшозода дар муроҷиат ба хатмкунандагони Академия чунин иброз намуд:
«Масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзи бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста барои тарбияи чунин кадрҳои ҷавону умедбахш кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бинобар ин ҳамаи мо, алалхусус шумо - хатмкунандагони гиромиқадрро лозим аст, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос, ки ашхосу гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо ҳар роҳу восита мехоҳанд амнияти ҷомеаро халалдор намуда, зиндагии осудаи мардумро барҳам зананд, бо дилу нияти пок ва созанда камари ҳиммат баста, ба миллату давлат ва касбу савганди хеш содиқ бошем».
Дар идомаи маросими хатми шунавандагону курсантон, ҳамчунин қайд карда шуд, ки роҳбарияти Ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити илмомӯзии насли ҷавон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамин аст, ки аз тарафи Пешвои миллат соли равон «Соли ҷавонон» эълон гардидааст, ки дар доираи он имрӯзҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он пайваста чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва фароғатӣ гузаронида шуда истодаанд.

Тавре қайд карда шуд, Вазорати корҳои дохилӣ, хусусан Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати кадрии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳое, ки тоза Академияро хатм кардаанд, ҳамаҷониба талош менамояд. Ҳамин аст, ки ҳамаи онҳое, ки ин муассисаи олии тахассусиро хатм кардаву имрӯз соҳиби диплом шуданд, бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ изҳор намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки ҳамчун муассисаи олии таълимӣ масъули тайёр намудани кадрҳои ҷавон ва болаёқати ин мақомот аст, хеле бузург мебошад.
Дар идомаи баромади худ Ф. Шарифзода хатмкунандагонро бори дигар бо ин санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда, ки дар ёди ҳар яки онҳо абадан нақш хоҳад баст, табрику таҳният гуфта, иброз намуд, ки курсантони Академияи ВКД дар баробари таҳсил, ҳамзамон дар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, заҳматҳо кашидаанд ва ҳоло бошад ҳамчун шахси баркамол соҳиби рутбаҳои махсус ва тахассус гардидаанд. Соҳиби дипломи Академия гаштан ба шумо - хатмкунандагони азиз, имконият медиҳад, ки боз ҳам ба дараҷаҳои баланди касбӣ расида, масъулияти баландро дарк намоед.

«Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш ба шумо - шогирдони азиз, роҳи сафед гуфта, орзумандам, ки обрӯю нуфузи милитсия ва Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар байни ҷомеа боз ҳам баланду қавитар мегардонед», - зикр намуд сардори Академия.
Бояд гуфт, ки Сафармуҳаммад Мардонов ва Ҳусниддин Давлатов аз ҷумлаи он ҷавонони хуштолеанд, ки факултети №2-и мактаби олии милитсияро бо баҳои аъло хатм намуда, дар ин рӯз соҳиби дипломҳои сурх гардиданд. Воқеан, имрӯз ба хубӣ чеҳраи гарму самимӣ ва қаноатманд аз ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти ВКД ва Академия дар онҳо аён буд. Дар суҳбате, ки баъди анҷоми маросими дипломсупорӣ бо ин ҷавонони хуштолеъ доштем, нахуст аз онҳо пурсидем, ки чӣ эҳсосе онҳоро фаро гирифта?
Сафармуҳаммад ва Ҳусниддин шодии худро пинҳон накарда, иброз доштанд, ки воқеан ҳам хурсандии онҳоро ҳадду канор нест.
«Агар як тарафи муваффақияти мо дар саъю кӯшиши худи мо бошад, пас, ҷониби дигари комёбиамон саҳми волидонамон дар сахтгирӣ ва таълиму тарбия мебошад. Албатта, нақши роҳбарияти Академияи ВКД ва омӯзгорони пуртаҷрибаи он низ дар расидани мо ба чунин натиҷаҳои баланд бениҳоят калон аст. Дарвоқеъ, он шароити хубе ки барои донишандӯзии мо - ҷавонон, аз тарафи роҳбарияти ВКД дар ин боргоҳи илму маърифат муҳайё гардидааст, барои таҳсилу дар оянда соҳибкасб шудани ҳар яки мо мусоид мебошад», - иброз намуданд онҳо.
Зимни суҳбати мо бо волидони ин ҷавонони хуштолеъ хурсандии онҳоро поён набуд. Тавре волидон зикр намуданд, ҳарчанд саҳми онҳо дар тарбияи фарзандонашон назаррас аст, вале сахтгириҳои омӯзгорони Академия ва фароҳам будани шароити хуби донишандӯзӣ дар ин макони илм боиси ба чунин мартабаҳои баланд расидани ин ҷавонон шудааст. Ҳамчунин, барои расидани Сафармуҳаммад ва Ҳусниддин ба қуллаҳои баланди илму маърифат нақши худи онҳо низ намоён аст. Яъне, ба тарзи дигар, маҳз худкоркарданҳо ва ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ дар роҳи омӯзиши илму адаб сабаби бо баҳои аъло ва ахлоқи намунавӣ хатм кардани Академияи ВКД аз ҷониби ҷавонони номбурда шудааст.
Тавре ин ҷавонон зикр намуданд, дар солҳои хониш волидон дар баробари зоҳир намудани таваҷҷуҳи доимӣ ба рафти таҳсили фарзандон, ҳамзамон, пайваста таъкид мекарданд, то онҳо ба падару модар такя накарда, худ меҳнат кунанду таҳсили илм намоянд.

«Дар роҳи пуршебу фарози омӯзиши касб ба мо шароити мусоиди илмомӯзӣ дар Академия, хусусан китобхонаҳои он хеле кӯмак намуд. Ҳамчунин, омӯзиши адабиёти соҳавӣ, аз ҷумла, мутолиаи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», ки ба қалами Вазири корҳои дохилӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тааллуқ дорад, барои дарк кардану фаҳмидани бисёр нозукиҳои ин самти фаъолияти хизматӣ ба мо кӯмак намуд. Албатта, тавре мегӯянд, қатра-қатра ҷамъ шуда оқибат дарё шавад. Тай кардани ҳамин гуна зинаҳои илм дар охир моро ба фатҳи қуллаи мурод расонд ва имрӯз хурсанд аз онем, ки ҳамчун ҷавонони соҳибтахассус баҳри хизмат ба Ватан омода гардидаем. Акнун вақти он расидааст, ки аз пештара ҳам бештар заҳмат кашида, дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони он камари ҳиммат бибандем», - бо хушҳолӣ иброз намуданд Сафармуҳаммад ва Ҳусниддин.
Умед ОЧИЛОВ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад