Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ дар вохӯрии сатҳи баланд

13-уми июни соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохӯрии сатҳи баланд зери унвони «Муколамаи СММ – Осиёи Марказӣ оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ва Маркази СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашхобод баргузор гардид, иштирок намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, зарурати тақвияти муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризми байналмилалӣ, инчунин ҷустуҷӯи роҳҳои густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа дар ин самт баррасӣ гардиданд.
Ғайр аз ин, аз татбиқи Нақшаи амали муштарак, ки соли 2011 бо мақсади роҳандозии Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ қабул гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд.

Қобили тазаккур аст, ки аз натиҷаи вохӯрии сатҳи баланд Изҳороти Ашхобод қабул гардида, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муҳимтарин проблемаи ҷаҳону минтақа арзёбӣ гардид.
Гул Маҳбуба, Нилуфари Сарбоз.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика