Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ

Имрӯз (19.04.с.2017), Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор Раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд. Аз он ҷумла:
- генерал-майори милитсия Азизов А.Қ. – сардори БММ «Интерпол»-и ВКД ҶТ;
- генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А. – Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ;
- генерал-майори милитсия Рустамзода М.К. – муовини Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД;
- генерал-майори милитсия Раҷабзода Ш.А. – муовини сардори РБДА ВКД ҶТ;
- генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода С.Қ. – Раиси Шӯрои собиқадорони ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Машрабзода Ҷ.Х. – Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Насимзода А.Ғ. - Сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- полковники милитсия Абдуллозода Ш.Ф. – муовини директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Нуъмонзода Р.И. – сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Маҳмадшозода Ш.А. – сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. – сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Раҷабзода Ш.Р. – сардори Раёсати молия ва иқтисодии ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Муродзода Ш.Л. – сардори Муассисаи нақлиётии ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Исозода Н.И. – сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа;
- полковники милитсия Бобоназарзода А.Б. – сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов;
- полковники милитсия Солизода А.О. – сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт;
- полковники милитсия Тавурзода А. – сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав;
- полковники милитсия Шарифзода А.Ҳ. - сардори ШВКД дар ноҳияи Балҷувон;
- полковники милитсия Зарифзода М. – муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Ғуломзода С. – муовини сардори РБДА ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Дадоҷонзода А.Қ. – муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Азизуллозода Ш.Н. – муовини сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД ҶТ;
- полковники милитсия Искандарзода Б. – муовини сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;

 

– полковники милитсия Ҳиматзода П. - сардори ШМД «Ҳоит»-и РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;

- подполковники милитсия Низомзода Н.Н. – муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- подполковники милитсия Шодмонзода Ш.Ш. - сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг;
- подполковники милитсия Шарифзода Р.И. - сардори ШВКД дар ноҳияи Сангвор;
- подполковники милитсия Муродов Н.Л. - сардори ШВКД дар ноҳияи Сарбанд;
- подполковники милитсия Азимов Н. - сардори ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа;
- подполковники милитсия Саидзода М. – сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;

- майори милитсия Қурбоналӣ П.Б. - сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ;
- майори милитсия Ҷурабекзода Д. – сардори ШВКД дар нақлиётбудаи РВКД дар вилояти Хатлон;
- майори милитсия Неъматов Б.Ф. – сардори ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод таъин гардиданд, ки то ин муддат дар ҳамин ниҳод аз корманди қаторӣ то ба сатҳи роҳбарикунанда фаъолият намудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъиншуда таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуданд.
Ҳамчунин ба кадрҳои навтаъиншуда дастур дода шуд, ки дар ҳамкории зичу пурсамар бо дигар сохторҳои давлатӣ пуштибони ҳақиқии мардум бошанд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика