Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ

Имрӯз (17.04.с.2017), таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми се моҳи аввали соли 2017 баргузор гардид. 

Дар рӯзномаи ҷаласа ду масъала: муҳокимаи натиҷаҳои самти фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар семоҳи аввали соли равон ва фаъолияти хизматии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД дар давоми солҳои 2013-2016 ва як моҳи соли 2017 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. 
Зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавӣ, беҳтар намудани шароити хизматӣ ва моддӣ-маишӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории онҳо бо аҳолӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» аз 30 июни соли 2012 таҳти №1291 ба тасвиб расид. 
Фармони мазкур ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти нозирони минтақавӣ, сохта ба истифода додани як қатор минтақаҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зарурӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар фаъолияти хизматӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғону ҷавонон ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист ва экология, тақвият бахшидани фаъолият дар самти ислоҳоти милитсия ва бурдани корҳои профилактикӣ- фаҳмондадиҳӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.  

Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми се моҳи аввали соли 2017 муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо муфассал баромад намуда, вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳуриро таҳлил намуд. 

Сипас, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом баромад намуда, оид ба рафти ислоҳоти милитсия, ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти корҳои дохилӣ бо сохторҳои давлатҳои хориҷӣ ва татбиқи Созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ маълумот дод.

Инчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ ва рейдҳои муштараки мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва дигар кирдору амалҳои ғайриқонунӣ баромад кард.
Вобаста ба масъалаи натиҷаҳои фаъолияти хизматии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД дар давоми солҳои 2013-2016 ва як моҳи соли 2017 сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмон муфассал баромад намуда, қайд кард, ки санҷиши нозиротии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо нишон дод, ки дар фаъолияти бархе нозирони минтақавӣ дар самти кор бо аҳолӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳи камбудиҳо ҷой доранд. 
Зикр гардид, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳо нозирони минтақавиро мебояд, ки корро бо аҳолӣ боз ҳам зичтар ба роҳ монда, дар ҳамкорию ҳамбастагӣ бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ мубориза баранд.

Дар хотимаи ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъулини соҳа ҷиҳати риоя ва иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ як қатор супоришҳои мушаххас дода, зикр кард, ки ҳар як корманди милитсия бояд вазифаҳои хизматиро бо дарки баланди масъулият иҷро намуда, ба Ватан содиқонаю софдилона хизмат намояд.

Бо ҳамин ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми се моҳи аввали соли 2017 анҷом пазируфта, фаъолияти хизматӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад