Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди сайёҳӣ ва корҳои созандагӣ дар замони Истиқлолият

Имрӯз (14.04.с.2017), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорат дарси хизматӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ баромад намуданд.
Нахуст, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Файзобод полковники милитсия Каримзода Абдураҳмони Ҳаким баромад карда, дар мавзӯи «Тоҷикистон ҳамчун кишвар аз лиҳози туристӣ ояндадор» ба ҳайати шахсӣ маълумот дод. Зимни суханрониаш номбурда дар атрофи таърихи туризм дар Тоҷикистон, рушд ва инкишофи туризми байналмилалӣ, таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба соҳаи туризм ва дурнамои рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки пайдоиши туризм дар дунё аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратии байни давлатҳо ба миён омадааст. Соҳаи туризм барои пешрафти ҷомеа аҳамияти хоса дошта, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии инсон мусоидат мекунад.
Заминаи туризм дар Тоҷикистон аз замони дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будани он оғоз ёфта, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ин соҳаи даромаднок ба маротиб рушд ёфта, он сол то сол аҳамияти бештар касб менамояд. Бо шарофати Истиқлолият ва сулҳу субот дар кишвар барои ҷалб ва дар сатҳи баланд қабул намудани сайёҳони хориҷӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мегарданд, шурӯъ аз фурудгоҳ то меҳмонхонаву, санаторияҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва дигар инфраструктураи самти туризм зина ба зина ба талаботҳои замони муосир мутобиқ гардонида мешаванд. Дар ин муддат аллакай чандин мавзеҳои таърихӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихии мавзеи «Ҳулбук», «Тахти Сангин», «Саразм», «Қалъаи Ҳисор» ва Боғи миллии ботаникии Помир дар шаҳри Хоруғ ба руйхати созмони ЮНЕСКО дохил карда шудаанд, ки шумораи сайёҳон дар ин самт боз ҳам афзун меёбад.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва ширкатҳои туристӣ бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин санадҳои дахлдор ва барномаҳои давлатӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,”Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015- 2017” қабул гардидаанд, дар дохили кишвар мунтазам намоишҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташкил карда мешаванд.
Дар идомаи машғулияти хизматӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Рустамзода Мустафо Кенҷа суханронӣ намуда, оиди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат дар замони Истиқлолият қайд карда гузашт.
Мавсуф, дар баромади хеш зикр намуд, ки дар замони истиқлолият кишвари мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Се ҳадафи асосии стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст.
Дар ин муддат, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба пешравӣ ниҳодаанд, бунёди неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард, нақбу пулҳо, роҳҳои оҳан, хатти интиқоли барқ, табодули босуръати тиҷорати молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, садҳо иншоотҳои хизматию маишӣ баёнгари ин гуфтаҳоянд. Дар пояи ин дигаргуниҳо дўстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб мекунанд, ки боиси устувор шудани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии саросарӣ ва ба вуҷуд омадани фазои ягонаи иқтисодию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ шуда истодааст.
Қабули барномаи давлатии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ ба хотири расидан ба ҳадафҳои волои иҷтимоӣ ва тақвияти сармояи инсонӣ қабул гардидааст.
Дар баробари рушди дигар соҳаҳо, дар Вазорати корҳои дохилӣ низ бо таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Президенти кишвар шароитҳои хизматию маишии ҳайати шахсии мақомот беҳтар гардида истодааст. Ҳамагон шоҳиданд, ки дар замони истиқлолият барои пешрафти фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ садҳо бинову иншоотҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд, ба мисоли бунёди Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар», дармонгоҳҳои замонавӣ, машқгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои нав, иншоотҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои кории нозирони минтақавӣ ва ғайра, ки бо тарҳи замонавӣ ҷавобгӯ ба талаботҳои замонавӣ мебошанд.
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷавобан ба ин ғамхорию таваҷҷӯҳи рохбарияти давлату Вазорати корҳои дохилӣ манфиатҳои милливу давлатиро вазифаи аввалиндараҷаю муҳимтарини худ ҳисоб карда, бо нангу номус ва хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд.
Дар охир миёни баромадкунандагон ва ҳайати шахсӣ роҷеъ ба мавзӯҳои баррасигардида саволу ҷавоб ва табодули афкор доир гардид.
Х. Солиҳов  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад