Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи селекторӣ дар самти муқовимат бо коррупсия

Имрӯз (12.04.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои мустақили мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро суханронӣ намуда, дар самти пешгирии ҳолатҳои даст задани кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бурдани корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ, риояи интизоми хизматӣ ва қонуният, инчунин рафти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо фаъолони кишвар ибрози назар намуд.
Вобаста ба ин мавзӯъҳо, як қатор сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда дар се моҳи аввали соли 2017 дар назди ҳозирин ҳисобот дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ миёни иштирокчиён фикру мулоҳизаронӣ сурат гирифт.

Дар ин радиф, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ дар самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муқовимат бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, бақайдгирии саривақтии ҷиноятҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ҷавонону ноболиғон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Х.Солиҳов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика