Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иди байналмилалии Наврӯз муборак!

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, чун анъана одамони касбу кор ва синну солашон гуногунро муттаҳид кардааст. Одамон кинаву адоват, кибру ғурури худро дар канор гузошта, дасти оштию дӯстиро ба ҳам дароз мекунанд. Паҳлӯ ба паҳлӯ истода хӯрок пӯхта, рақсу таронахонӣ мекунанд ва ин аст, яке аз арзишҳои муҳими идди муқаддас ва дӯстдоштании мардуми мо тоҷикон.
Яке аз дигар хусусиятҳои вижаи Наврӯз ин расму суннат, фарҳанги бою пурғановати он ба шумор меравад, ки бонувони РВКД дар ВМКБ хеле мушфиқона ва аз сидқи дил ба инҳо арҷ гузоштаанд. Рӯи миз тамоми намудҳои таомҳои миллӣ дар шакли зебо ҷой дода шуданд. Аз ҳама бештар бошад, ин идро кӯдакон интизор мешаванд ва ширкати онҳо ба ҷашн таровати хоса ато мекунад.
Баъди намоиши таомҳои миллӣ дар толори РВКД дар ВМКБ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз ёфт.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ҳамагонро табрику таҳният намуда қайд кард, ки чанд даҳсола пеш Наврӯз қариб ба гушаи фаромӯшӣ гузошта шуд, одамон пинҳонӣ онро дар хонаҳои худ таҷлил мекарданду маҳз дар замони Истиқлолият ба Наврӯз умри дубора бахшида шуд.
Наврӯз яке аз падидаҳои равшантарини фарҳанги қадимаи халқҳои ориёинажод мебошад, таъкид гардид дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Сарвари давлат Иди Наврӯз ба Иди байналмилалӣ табдил дода шуд.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз иштирокдорони ин чорабиниро табрику муборакбод намуд.
Дар чорабинии идона муовини сардори РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Шавкат Музаффарзода, нозири калони Шуъбаи бозрасии давлатии авомобилии вилоят майори милитсия Хосият Гулзорхонова ва устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, номзади илмҳои таърих, Элбон Ҳоҷибеков иштирокдорони чорабинии Наврузиро роҷеъ бо хусусиятҳои хоси Наврузии ВМКБ шинос карданд. Қайд гардид, ки дар ВМКБ ҳар як деҳа бо вижаҳои махсус Иди Наврӯзи Аҷамро ҷашн мегиранд.
Дар фарҷоми чорабинии идона бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби сардори РВКД дар ВМКБ як қатор кормандони милитсия ҳавасманд гардонида шуда, ба толибилмон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шудаанд.
Иди байналмилалии Наврӯз дар РВКД дар ВМКБ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад