Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

Дар ярмаркае, ки имрӯз ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар шафати Вазорати корҳои дохилӣ ташкил ва баргузор карда шуд, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли оилаашон, нафақахӯрон ва аҳли оилаи кормандони фавтидаи мақомот иштирок намуда, маводҳои заруриашонро харидорӣ намуданд.

Ярмаркаи мазкур бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ роҳандозӣ шуда, дар он хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоят Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ маҳсулоти хӯрокворӣ, меваю сабзавоти тоза ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро, бо нархи нисбатан арзон ба харидорон пешкаш намуданд.

Барои муқоиса нархи як килограмм гӯшт 20 сомонӣ, биринҷ -5 сомонӣ, нархи як килограмм картошка 1-2 сомонӣ, пиёзу сабзӣ, шалғам 1 сомонӣ, арзиши 1 қуттӣ тухм 15 сомониро ташкил медод.
Қобили қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбати дастгирии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хоса дошта, дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо чунин ярмаркаҳои хоҷагии қишлоқро ташкил ва баргузор менамояд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика