Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ

Имрӯз (18.03.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ташриф оварда, аз корҳои созандагию бунёдкорӣ ва таъмиру таҷдид дар ин ниҳод шиносоӣ пайдо кард.

Мавриди қайд аст, ки Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва шароити мусоид таъмин гардидааст.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Шӯъбаи мазкур 1-адад автомашинаи хизматии тамғаи «Нива» тақдим намуд.
Мавсуф тамоми кормандони Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологиро бахшида бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти хизматӣ пешравию муваффақиятҳо таманно кард.

Зикр гардид, ки кормандони Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ ҷиҳати риояи қонуният, ҳифзи муҳити зист ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бояд тамоми малакаю маҳорати касбиро равона намуда, бар зидди ҷиноятҳои экологӣ, аз он ҷумла, нисбати ҷинояткороне, ки ба маҳв ва нобуд кардани ҳайвоноти нодир ва дарахтону растаниҳое, ки ба «Китоби Сурх» ворид гардидаанд, даст мезананд, оштинопазир бошанд.

Кормандони Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ изҳор доштанд, ки бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандонро пешгирӣ менамоянд.

Боиси зикр аст, ки Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ соли 2014 таъсис ёфта, дар самтҳои назорати истифодаи олами ҳайвонот, наботот, ҳифзи замин, муомилот бо партовҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера, об ва нақлиёт, ки марбут ба ҳифзи муҳити зист ва экология мебошанд, фаъолият менамояд.

Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика