Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони милитсия дар вилояти Суғд

Имрӯз (17.03.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти мазкур вохӯрӣ доир намуд.

Сараввал, Вазири корҳои дохилӣ кормандони милитсияро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.
Сипас, сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон оид ба фаъолияти хизматӣ дар муддати ду моҳи соли равон ва натиҷаҳои корӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳо ҳисобот дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба кушодашавии ҷиноятҳо, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зимни мулоқот кормандони милитсияи вилояти Суғд изҳор доштанд, ки тамоми қувваю ғайрат ва донишу малакаи касбиро баҳри он равона месозанд, ки волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа таъмин карда шавад.

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони милитсия дар вилояти Суғд озоду самимӣ сурат гирифта, ҳайати шахсӣ аз чунин мулоқот рӯҳу илҳоми тоза гирифта, зикр карданд, ки ҳамеша бар зидди зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир муборизаи беамон хоҳанд бурд.
Айни замон, сафари хизматии Вазири корҳои дохилӣ ба вилояти Суғд идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод. 
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика