Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!

Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба диққати шаҳрвандон, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади дар сатхи баланд гузаронидани чорабиниҳо дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) рӯзҳои 27 ва 28-уми сентябри соли 2018 аз соати 09:00 то анҷоми чорабинӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, Низоми Ганҷавӣ, Н.Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгоҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз баромадан бо воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо, бо риояи талаботҳои «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» истифода баранд.

ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика