Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: таъсиси қабули «муроҷиати электронӣ» ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ

192Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дар доираи ислоҳоти милитсия бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои бюрократӣ, ҳамчунин саривақт ва объективона баррасӣ намудани муроҷиатҳо ва хабарҳо қабули «муроҷиати электронӣ»-ро тавассути суроғаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба роҳ мондааст. 

Шаҳрвандон вобаста ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқҳояшон ва дучор гардидан бо ҳолатҳои ҷинояткорӣ, хусусан терроризму экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 221-01-49; 223-16-09, суроғаи электронӣ ( Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ) ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат намоянд.
Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66
Кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала, таъмин карда мешавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика