Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э ъ л о н!

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон мекунад:

Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятии мазкур, шаҳрвандон ва инчунин намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ низ метавонанд номзадии худро пешбарӣ намоянд.
Талабот ба номзадҳо:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 21 расидааст, доғи судӣ надорад, истиқоматкунандаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ, эҷодӣ ва илмӣ дошта бошад.
Шаҳрвандон барои номзад шудан ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба ВКД пешниҳод намоянд:
1) ариза дар бораи аъзо шудан ба номи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) нусхаи шиноснома;
3) нусхаи ҳуҷҷат оид ба таҳсилот;
4) тарҷумаи ҳол (дастнавис);
5) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
6) ду дона расми 3x4 см.
Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, инчунин ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
1) қарори роҳбарияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ;
2) нусхаи шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ;
3) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи шахси ҳуқуқӣ (оиннома ё низомнома);
Ҳуҷҷатҳои номбаршуда аз ҷониби довталабон шахсан бо шиноснома пешниҳод карда мешаванд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 30 майи соли 2018
Маълумоти иловагиро вобаста ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аз сомонаи интернетии Вазорати корҳои дохилӣ (www.vkd.tj) ё аз Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан мумкин аст: тел: 987-88-87-00; 93-992-35-35; Шарифзода Хушбахт; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика