Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Авто-Бону-2018»

 Бонувони азиз!

Бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модар» Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 3-юми марти соли 2018 соати 10:00 дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ озмуни «Авто-Бону-2018»-ро баргузор намояд. 

Озмун аз рӯи даврҳои зерин гузаронида мешавад:
Даври I. «Варақаи боздид» - «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил)
Даври II. Мусобиқаи «Донандагони ҚҲР»
Даври III. Рондани автомобил дар Автодром
Даври IV. «Ёрии аввалияи тиббӣ»
Давраи V. «Намоиши плакати тарғиботӣ»
Ғолибон ва иштирокчиёни Озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Барои иштирок хоҳишмандон метавонанд, ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов 69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 93-508-70-72, 235-79-85, 238-46-04


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика