Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълони дохилшавӣ ба адъюнктура

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро ба андъюнктура дар соли 2017 аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

• 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат
• 12.00.02 – ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунитсипалӣ
• 12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ
• 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
• 12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ
• 12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ
• 12.00.12 – криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ.
Шартҳои қабул: Ба таҳсили рӯзона дар асоси озмун шахсони синнашон то 35-сола ва ба таҳсили ғоибона шахсони синнашон то 45-сола, ки дорои маълумоти олӣ ва собиқаи кории на камтар аз 2 сола мебошанд, қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон бевосита пас аз хатми муассисаҳои олии касбӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои озмунӣ ба адъюнктура бо тавсияи шўрои илмии муассисаи таҳсилоти олӣ (факулта) иҷозат дода мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд: ариза (гузориш) ба номи сардори Академияи ВКД бо нишон додани ихтисоси интихобнамуда ва шакли таҳсил; варақаи шахсӣ бо ду дона расми 4x6 см; тарҷумаи ҳол; тавсифнома аз ҷои кор; рӯйхати асарҳои чопшуда ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ (шахсоне, ки асарҳои илмии чопшуда надоранд, аз руи ихтисоси интихобкардаашон реферат (бо забони русӣ дар ҳаҷми то 28 саҳифаи чопӣ) пешниҳод менамоянд); нусха аз протоколи ҷаласаи шўрои илмӣ барои шахсоне, ки ба адъюнктура аз тарафи шўроҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ бевосита пас аз хатми ин муассисаҳо тавсия шудаанд; нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд, шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот); шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои номзадӣ (агар супорида бошанд); нусха аз дафтарчаи санҷишӣ (ё ин ки замима ба диплом); маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ; нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
Ҳуҷҷатҳои мазкур бо шиноснома ва дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби довталабон шахсан пешниҳод карда мешаванд.
Дохилшавандагон аз ихтисос, фалсафа ва яке аз забонҳои хориҷӣ дар ҳаҷми доираи барномаҳои амалкунандаи мактаби олӣ ба таври озмун имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.
Шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё қисман супоридаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба адъюнктура аз имтиҳонҳои дахлдори дохилшавӣ озод карда мешаванд.

Муҳлати қабули хуҷҷатҳо то 12 октябри соли 2017

Маълумоти иловагиро оид ба тартиби қабул ва таҳсил дар адъюнктура аз сомонаи интернетии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.avkd.tj) метавонед пайдо кунед ё бевосита ба шуъбаи адъюнктураи Академия муроҷиат намоед: тел.: 93-444-40-66 (Юсуфзода Акмал Ҳотам); e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад