Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни лоиҳаи беҳтарин ба барномаҳои телевизионии ВКД

Вазорати корҳои дохилӣ барои пешниҳод намудани лоиҳаҳои ҷолиб ба барномаҳои телевизионии «Ахбори ВКД» ва «Милитсия-ҳомии ҷомеа» озмун эълон менамояд.

Лоиҳа бояд тарзи нави таҳияи гузоришҳои криминалӣ, ҷолиб ва пурмазмунтар намудани барномаҳо ва аз ҷойи ҳодиса инъикос кардани ҳодисаю воқеаҳоро фарогир бошад.
Дар озмун тамоми рӯзноманигорони боистеъдод ва ботаҷриба метавонанд иштирок намуда, идеяҳои ҷадид ва мутобиқ ба замони муосирро дар шакли лоиҳа пешниҳод намоянд.
Барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар карда шудааст:
- барои ҷойи якум – 3000 сомонӣ;
- барои ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ;
- барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.

Хоҳишмандон метавонанд лоиҳаҳои худро ба воситаи почтаи электронии ВКД: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоянд. Мӯҳлат то 20-уми октябри соли 2017.

Телефонҳо барои тамос: 223-23-31, 93-992-0000


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика