Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э ъ л о н!

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия озмун эълон мекунад:

Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятии мазкур, шаҳрвандон ва инчунин намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ низ метавонанд номзадии худро пешбарӣ намоянд.
Талабот ба номзадҳо:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 20 расидааст, доғи судӣ надорад, истиқоматкунандаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ, эҷодӣ ва илмӣ дошта бошад.
Шаҳрвандон барои номзад шудан ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба ШВКД дар шаҳру ноҳияи ҷои истиқомати доимии худ (макони ҷойгиршавии иттиҳодияи ҷамъиятӣ) пешниҳод намоянд:
1) ариза дар бораи аъзо шудан ба номи сардори ШВКД;
2) нусхаи шиноснома;
3) нусхаи ҳуҷҷат оид ба таҳсилот;
4) тарҷумаи ҳол (дастнавис);
5) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
6) ду дона расми 4x6 см.
Барои аъзо шудан ба Шӯрои ҷамъиятӣ намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, инчунин ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
1) қарори роҳбарияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ;
2) нусхаи шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё шахси ҳуқуқӣ;
3) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи шахси ҳуқуқӣ (оиннома ё низомнома);
5) маълумотнома оид ба фаъолияти шахси ҳуқуқӣ (анкета).
Ҳуҷҷатҳои номбаршуда аз ҷониби довталабон шахсан бо шиноснома пешниҳод карда мешаванд.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 20 сентябри соли 2017
Маълумоти иловагиро аз сомонаи интернетии Вазорати корҳои дохилӣ (www.vkd.tj, www.mvd.tj), Қисми навбатдории ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ё бевосита аз Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан мумкин аст.
Телефонҳо барои маълумот: 227-76-39; 93-992-35-35; Шарифзода Хушбахт; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад