Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон оид ба расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Россия Ҷаноби Владимир Путин масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд, ки он мавриди амал қарор гирифт.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.
1). Дар ин муддат шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии қаблӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Инчунин шахсоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия муҳлати будубошашон гузаштааст, метавонанд, ба шуъбаҳои мақомоти муҳоҷирати Федератсияи Россия муроҷиат намоянд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав, бо нишон додани мақсади вуруд ва қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 90 рӯз дода мешавад ва онҳо имкон доранд дар ин муҳлат будубоши худро расмӣ гардонанд. Дар ҳолати гум кардан ва ё надоштани корти муҳоҷиратӣ ба шаҳрвандон корти муҳоҷиратии нав бо ҳуқуқи иқомат ба муҳлати 90 рӯз дода мешавад.
2). Дар ин муддат тамоми қарорҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба манъи вуруди шаҳрвандони мо, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» қабул гардида буданд, бекор карда мешаванд.
Тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои судӣ аз қаламрави Федератсияи Россия берун ва депортатсия шудаанд, татбиқ намегардад. Шаҳрвандоне, ки дар асоси дигар моддаҳои қонунҳои Федератсияи Россия воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст (бинобар содир кардани ҷиноят, доштани бемориҳои сироятӣ ва ғайра) ба ин категория дохил намешаванд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси бандҳои 4 ва 8 моддаи 26 Қонуни Федератсияи Россия таҳти рақами 114 «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Россия ва хориҷшавӣ аз Федератсияи Россия» воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ гардидааст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар ин муддат иҷозати дубора воридшавиро ба Федератсияи Россия пайдо менамоянд.
Бинобар ин шаҳрвандони мамлакат моҳи апрел пеш аз сафар барои муайян намудани ҳолати кор ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳалҳо муроҷиат намоянд.
Вобаста ба дигар масъалаҳои алоқаманд ба муҳоҷират шахрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерин тамос гиранд:
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (+992 37) 235-03-84, 235-03-85; 236-68-88; 236-22-72, 225-07-34, 225-05-87, 225-05-90.
Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 44640-19-51; 44640-91-99.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад