Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН!!!

Ба диққати шаҳрвандон расонида мешавад, ки бахшида ба доир гаштани чорабиниҳои Наврӯзӣ, рӯзи 21 марти соли равон аз соати 06:30 то 07:30-дақиқа ва аз 13:30 то 14:30-дақиқа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шероз аз кӯчаи Ҷ.Икромӣ то хиёбони Сомонӣ, аз хиёбони Рудакӣ то хиёбони Сино, кӯчаҳои А.Навоӣ, Карамов, роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода то ҳудуди шаҳри Турсунзода маҳдуд карда мешавад.

Ҳамчунин аз соати 17:00 то 21:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то кӯчаи Карамов маҳдуд карда мешавад.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки безарурият аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ карда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика