Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Калидчаи заррин» дар ноҳияи Варзоб

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллию ифтихори ватандорӣ ва муносибати эҳтиёткорона намудани хурдсолону наврасон ба моликияти давлативу хусусӣ ва муҳити зист, аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва нозирону муҳандисони гурӯҳи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и деҳаи Чормағзакони болои ноҳияи мазкур, байни хонандагони синфҳои поёнӣ, озмуни «Калидчаи заррин» баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ дастаҳои «Ситора» ва «Офтобак» аз рӯи 6 намуд шарти озмун байни худ қувваозмоӣ намуданд. Хонандагони хурдсол ба ҳайати ҳакамону тамошобинони сершумор донишу малакаи хуби худро, вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва чӣ гуна амал намудан дар вақти рух додани он бо як зиракию чолокӣ нишон доданд, ки ин аз саҳми калон доштани маъмурияти мактаб ва омӯзгорони он дар тайёр намудани дастаҳои номбурда ба озмун шаҳодат медод.
Дар фосилаи вақти ҷамъбастшавии натиҷаҳои умумии ба дастовардаи дастаҳо, аз ҷониби хонандагони хурдсоли дигари муассисаи мазкур шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, Модар ва ифтихор намудан аз давлату миллат қироат гардида, инчунин рақсҳои хеле ҷолиб иҷро карда шуданд.
Аз рӯи холҳои ба дастовардаи иштирокчиёни озмун ҳайати ҳакамон муайян намуданд, ки ҷойи аввал ба дастаи «Ситора» ва ҷойи дуюм ба датстаи «Офтобак» сазовор дониста шавад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи кормандони ХДО ВКД ва сарвари мактаб Иброҳим Наҷмиддинов ба ҳайати дастаҳо ва омӯзгорон, инчунин ба дигар иштирокчиёни фаъоли озмун Ифтихорномаву тӯҳфаҳои қиматноки гуногуни хатиравӣ супорида шуданд.
Саломиддин Зарипов, нозири калони ДА ҲХДО ноҳияи Варзоб, капитани хизмати дохилӣ. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад