Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Беҳтарин хабарнигори фаврӣ»

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин хабарнигори фаврӣ»-ро эълон менамояд.

Дар озмуни мазкур рӯзноманигорон, хабарнигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дорои истеъдоди хабарнигорӣ мебошанд, метавонанд фаъолона иштирок намоянд.
Беҳтарин наворҳои видеоӣ вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо аз тарафи комиссияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, ғолибон муайян карда мешаванд.
Озмун ҳар семоҳа ҷамъбаст гардида, барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар карда шудааст:
- барои ҷойи якум – 3000 сомонӣ;
- барои ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ;
- барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.
Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
Наворҳо бояд кӯтоҳ, мушаххас ва ба талаботи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ буда, дар муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд.
Хабарнигорони фаврӣ метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаҳои электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. истифода намуда, наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намоянд.
Телефонҳо барои маълумот: 227-66-50, 93 445-09-35, 985- 92-02-02. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад