Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули мавқеи зан - модар дар ҷомеа

«Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд».
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

119

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зан-модар тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намуда, онҳоро аз лиҳози қонунӣ ҳифз мекунад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 бори дигар ба ин масъала дахл карда шуд. Сардори давлат ҳанӯз соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда буданд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ нисбати зан-модар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои мушаххас ва чорабиниҳои иловагӣ дар ин самт андешида шуданд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуд. Аз сентябри соли 1998 Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005 қабул гардида буд. Барои солҳои 2001-2010 «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.
3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин фармон имконият фароҳам овард, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад. Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки чунин вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кам ба назар мерасад.
Танҳо дар соли 2006 дар воҳидҳои масъули давлатӣ 15% занон буда, 24% хизматчиёнии давлатиро занон ташкил медиҳанд. Дар сатҳи олӣ – Маҷлиси намояндагон занон раисии кумитаҳои онро (2 нафар) ба ӯҳда доштанд. 49,8%-и аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то ин ҷониб Барномаи давлатии «Тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» амал мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриҳояшон дар қаламрави ҷумҳурӣ диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд. Садҳо квота барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Дар соли 2005 ба Маҷлиси намояндагон 11 зан интихоб гардида буд, ки 17,5 фоизи вакилонро ташкил менамуд. Ба Маҷлиси миллӣ - 4 нафар, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо - 34 нафар, шаҳрӣ - 93 ва ноҳиявӣ - 291 зан интихоб гардиданд, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. То 1 майи соли 2000 дар сохтори вазорату идораҳои ҳокимияти иҷроия шахсони аввал - 6,8%, муовинон - 9,3%, сардорони раёсатҳо - 13,1%, муовинони сардорони раёсатҳо - 29,1% ташкил медоданд. Дар мақомоти судӣ то соли 2004-ум 18,6% занон буданд, ки дар тамоми сатҳҳои судӣ фаъолият доштанд. Дар воҳидҳои дипломатӣ занон 21, 25%-ро ташкил медоданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки аз солҳои аввали истиқлолият дар назди Ҳукумат Кумитаи кор бо занон ва оила фаъолият дорад. Инчунин, маҷаллаҳои оммавӣ аз ҳаёти занон иттилоъ медиҳанд. Дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи занон, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва экология амал менамояд. Чунин комиссияҳо дар дигар сатҳи мақомоти намояндагони ҳокимияти давлатӣ низ амал менамояд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, беш аз 1500 занону духтарон фаъолият мебаранд, ки аксари онҳо дар воҳидҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Дар ин Вазорат Шӯрои занон ва духтарон амал менамояд, ки дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон саҳми бузургро мебозад. Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ ба мавқеи занону духтарони ВКД таваҷҷуҳи хос ва ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд, ширкати фаъоли онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД ба назар расида, дар парадҳои ҳарбии идҳои давлатӣ яке аз беҳтаринҳо ҳисобида мешаванд. Барои тарбияи кӯдакони онҳо боғчаи бачагона амал намуда, дар назди ансамбли «Сипар», ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД гурӯҳи хурдсолон аз ҳисоби фарзандони кормандзанон амал менамоянд.
Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзанд, ки дар фазои давлатҳои ИДМ камназир мебошад.
Бозоралӣ Асламов, муовини сардори факултети №2-и Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия,
Бахтиёр Самиъзода, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, майори милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика