Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НИШОНИ ЭҲТИРОМУ ҚАДРДОНӢ

214Санаи 16-уми ноябр дар ҷумҳурии азизамон чорабиниҳои идона танинандоз буданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон Иҷлосияи таърихии миллатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Зеро пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатамон бо дасисаю фитнаангезии бадбинони миллат миёни халқи тоҷик ҷанги бемаъниву харобкунандаи давлатро шӯр андохтанд. Вақте дар иҷлосияи 16-ум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, бо иродаи қавиву устувор, шуҷоату мардонагии худ садди роҳи ҳамаи ноамниҳо гардида, ба дидаҳои пур аз ашк хурсандӣ оварданд, вайронаҳоро обод, дур аз ватан будагонро ба ватан баргардониданд, ноумедиҳоро бишкаста, дар қалбҳо умеду орзуву ормонҳоро равшан намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзандаи ҳама гуна таҳсину офаринҳо ва ҳама сипосу миннатдориҳо мебошанд. Таҳти сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои миллат, имрӯз Тоҷикистони моро на танҳо давлатҳои собиқ Шӯравӣ, балки тамоми дунё мешиносанд.
Шурӯъ аз соли 2016-ум 16-уми ноябр халқи тоҷик идеро ҷашн мегиранд, ки бо худ шукӯҳу шаҳомати хоссае дорад, ин ҳам бошад таҷлили Рӯзи Президент мебошад, ки ҳамасола дар саросари кишварамон бо баргузории чорабиниҳои идона истиқбол гирифта мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ гардид. Лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд.
Акнун мардуми тоҷик 16-уми ноябр на танҳо санаи баргузории Иҷлосияи таърихӣ, балки чун Рӯзи Президентро пуршукӯҳ ҷашн мегиранд. Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки Сарвари давлат бо ҷонбозиҳову заҳматҳои шабонарӯзии худ давлати тоҷиконро аз сифр то ба ин дараҷа оварда расониданд. Маҳз ба туфайли ғамхориҳои ҳамаҷонибаашон дар хонадони ҳар яки мо оромиву осоиштагӣ ва файзу баракат пойдор буда, Ватани азизамон рӯз то рӯз шукуфон шуда истодааст.

Ҳабибулло ШУКУРОВ,
ёрдамчии раиси Суди н. Фирдавсӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика