Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон пайравони Пешвои миллат

346

Ҷавонон, ки қишри ояндасозу қувваи пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани онҳо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат чораҳои муассир андешида мешавад. Таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон аст, ки соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» эълон гардида, самтҳои афзалиятноки сиёсати кадрии ҷавонон мавриди омӯзиш қарор гирифта, як қатор кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таъин ва пешбарӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ имрӯз кадрҳои ҷавон дар вазифаҳои гунонун кору фаъолият намуда истодаанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва тахассусии онҳо аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ин ҷост, ки кормандони ҷавони мақомоти милитсия бо кору фаъолияти шабонарӯзии худ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Яке аз чунин ҷавонони фаъолу кордон Ғайратзода Раҳматулло Давлатбек мебошад, ки баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи аъло, айни замон ҳамчун таҳқиқотчӣ дар Раёсати дар нақлиётбудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият дорад.
Зимни суҳбат бо мо номбурда иброз дошт, ки воқеан боиси ифтихор ва сарфарозии мо ҷавонон аст, ки имрӯз дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари соҳибистиқлоламон, зери сояи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муааззами миллат осудаҳолона кору фаъолият ва зиндагонии бомаром дорем. Мо ҷавононро мебояд, дар ҷавоб ба ҳама ин ғамхориҳои давлату ҳукумат фаъолияти худро дучанд намуда, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон саъю талош намоем.
Номбурда, бо саводу дониш ва малакаи касбии худ, дар байни кормандон эҳтиром ва мавқеи махсусро касб намуда, воқеан боиси ифтихори волидайни худ мебошад. Маҳз он ҷавоне метавонад номбардори падару модар ва ояндаи давлату миллати худ ва пайрави Пешвои миллат бошад, ки бо илму дониш ва кирдору рафтори худ барои ободии кишвару пешравии он саҳм гузорад.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Вазорати корҳои дохилӣ ба яке аз сохторҳои калидии кишвар табдил гардида, сол то сол бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ, инфрасохтори муосир, биноҳои наву замонавии хизматию маишӣ ва дигар лавозимоти муҳими истифодашаванда дар фаъолияти хизматӣ таъмин гардидааст, ки мо ҷавонон ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро мебояд, беш аз пеш ҷиҳати таъмини тартиботу пешгирии ҳар гуна амалу кирдори халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ муборизаи беамон барем.
Метавон гуфт, ки кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ дарси ҷавонмардию фидокориро аз собиқадорони мақомоти милитсия ва фарзона-фарзандони халқи тоҷик чун Пешвои муаззами миллат аз бар намуда, баҳри пойдории сулҳу суботи миллату давлати азизамон-Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд.

Шукуров Сироҷиддин


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика