Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академия ва ҷавонони гурӯҳи “Авангард” ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

191

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Бо дарки ин нуқтаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд.
Ташрифи ҷавонон ба манотиқи гуногуни кишвар, вохӯриву робитаи онҳо бо ҳамсолони хеш ба ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқати байни ҷавонон мусоидат менамояд. Бо ин мақсад бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 21-уми июли соли 2018 як гурӯҳ курсантон ва ҷавонони кишвар ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг сафар намуданд. Ҷавононро дар даромадгоҳи ноҳия мардуми шарафманди Ховалинг бо як шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намуданд.
Ховалинг бо доштани мавзеъҳои таърихӣ ва оромгоҳҳои бузургворон аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Ҷавонон сараввал аз мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ дидан карданд. Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ маъвои охирати яке аз ҳамзамонони содиқ ва дӯсти ғоиби Муҳаммад (с), симои бузургу нотакрори олами Ислом мебошад.
Инчунин, дар доираи сафар ҷавонон ва курсантон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия дидан намуданд. Баъдан дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона, маҳфили адабии шеъру суруд бо номи маҳфили «Ҳамешабаҳор» баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ роҳбари маркази Матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ сухаронӣ намудада, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба аҳли фарҳангу адаби минтақаи Ховалинг барои дар замири ҷавонон бедор сохтани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор»-ро оғоз намуданд.
Маҳфили мазкур, ки аз ҳафт равзана (Афрӯза, Афроза, Афшина, Афшона, Андеша, Ангора ва Ангеза) иборат буд, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳудуди ноҳия тавонистанд фаъолона иштирок варзида ба Ифтихорномаҳои фахрии ВКД ва инчунин туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гарданд.

192

Баъдан шоми 22-юми июли соли 2018 дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи кишвар баргузор гардид.
Курсантон ва ҷавонони гурӯҳи “Авангард” аз ин сафар ба худ як ҷаҳон таассуроти нек бардошта, зикр карданд, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва ҳуввияти миллии насли наврасу ҷавон манфиатбахш мебошад.
САФАРОВА Саида, МАРДОНОВ Сафармуҳаммад, омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика