Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САБТ АСТ ДАР ҶАРИДАИ ОЛАМ ДАВОМИ МО

Шамъи хотира

Бахшида ба 70-солагии собиқ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Ҳомиддин Шарифов

Ба милитсияи Тоҷикистон шахсиятҳои маъруфу маҳбуби замон чун Абдулло Ёрмуҳаммадов, Харченко Андрей Владимирович, Бобо Маҳкамов, Нусратулло Абдулҳақов, Исмоил Қурбонов ва дигарон роҳбарӣ карда, барои офаридани сохтори мураккаби зудамал ва нерӯи пуриқтидори давлат ҷиҳати таъмини суботу осоиш дар кишвар хизмати сазовор намудаанд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва шахсан Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро хизмати ин абармардонро ҳамеша қадр намуда, хотираи неки онҳоро бо баргузор намудани чорабиниву маҳфилҳои гуногун пос медоранд. Бо иштироки наздикону пайвандон, ҳамкорону ҳамкасбон ва ёру дӯстони онҳо дар ВКД пайваста маҳфилҳои ёдбуди собиқ кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ доир карда мешаванд.
Дар ин замина, зикр кардан ба маврид аст, ки вақте сухан аз боби накӯкорию корнамоиҳои мардони шуҷои милитсияи тоҷик меравад, пеш аз ҳама симои генерал-полковники милитсия, шодравон Ҳомиддин Шарифов пеши назар ҷилвагар мегардад. Ҳомиддин Шарифов дар давраи мушкил ва ҳассоси кишвар - солҳои 1996-2006, сарварии Вазорати корҳои дохилиро ба уҳда дошт.
Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович соли 1947 таваллуд шуда, соли 1966 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1971 фаъолияти хизматиаш аз вазифаи муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон шурӯъ шудааст. Соли 1976 ба сохтори судӣ гузашта, тайи 20 сол дар вазифаҳои раиси Суди ноҳияи Ёвон, вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, Суди конститутсионии мамлакат хизмат кард. Сипас, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Аз соли 1996 то 2006 Вазири корҳои дохилии кишвар буд.
Бале, ҳамагӣ чанд сатр, вале зимни он солҳои зиёди талошҳо барои ба ҳақ расидани ҳақдор, матонату ҷасорат барои ҳифзи ҷони мардум, пойдории давлат ва рӯзгори осоиштаи сокинони кишвар ниҳон аст. Ёд овардани ҳар яке аз он рӯзҳо кофист, ки вусъату паҳнои корномаи Ҳомиддин Шарифов пеши назар ҷилвагар шавад. Махсусан, давраи вазирии Ҳомиддин Шарифов пур аз ҳодисаҳои нохуши таърихӣ мебошад.
Соли 1996 ҷинояткорӣ зиёд боқӣ монда, вазъият махсусан дар гурӯҳи навоҳии водии Вахшу Ҳисор ва Рашт нигаронкунанда буд. Ошӯби силоҳнок дар он сол дар ноҳияи Файзобод бо гаравгон гирифтани ходимони созмонҳои байналмилалӣ ва давлатӣ анҷом ёфт. Вале, иғвои навбатӣ пешгирӣ шуда, феврали соли 1997 зимни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин даста саркӯб карда шуд. Худи саркардаи ин гурӯҳ фирор намуд, вале ҷустуҷӯи ӯ идома ёфта, баъдан бо гурӯҳаш безарар гардонида шуд.
Соли 1997, пас аз як соли ба курсии вазирӣ нишастани Ҳомиддин Шарифов муҳимтарин ҳодисаи таърихӣ Сулҳи деринтизори ҳукумати Тоҷикистон бо собиқ нерӯҳои мухолифин ба амал омад. Дар саросари кишвар ба ҳаёти осоишта оғоз намудану ворид гаштани собиқ мухолифин ба сохтори давлатӣ ҷараён гирифт. Вале аз пайи он низои наве сар зад. Нахуст ошӯби ҳарбӣ дар шаҳрҳои Сарбанд ва Қӯрғонтеппа барпо шуд. Пешгирии ин ҳодиса барои вазири давр Ҳомиддин Шарифов имтиҳони сангине гашт. Зимни амалиёти густурда пеши хунрезии зиёд гирифта шуда, саркардаи гурӯҳ аз кишвар фирор кард.
Дере нагузашта, моҳи ноябри соли 1998 ин гурӯҳи ҷинояткор бо нерӯи зиёд - 5 ротаи пиёдагарди мусаллаҳ бо теъдоди 800 нафар, 10 мошини "Камаз", 10 мошини сабукрав ҳуҷум карда, як қисми вилояти Суғдро ба даст гирифт ва ба ғорату куштори мардуми бегуноҳ оғоз намуд. Чунин ҳуҷум ба ҷумҳурӣ бори аввал рух дод. Барои дифои ватан субҳи 5-уми ноябр вазир Ҳомиддин Шарифов бо гурӯҳи кормандони ВКД ба вилоят рафт. Дар натиҷаи ташкили дурусти кор, дидани чораҳои фаврии ҷустуҷӯӣ, ҳамоҳангии қувваҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамлагарон аз ҳудуди вилоят бароварда шуданд. Ҳукумати кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин амалиёт баҳои сазовор доданд.
Барои таъмини ваҳдату ризоияти миллӣ зимни Созишномаи сулҳ ба собиқ нерӯҳои мухолифин рухсат дода шуд, ки ба макони пешинаи худ баргарданд. Вале, чанд гурӯҳи мусаллаҳ аз назорати роҳбарияти иттиҳоди нерӯҳои мухолифин баромада, дар атрофи пойтахт дастаҳои силоҳнок таъсис намуда, ба ғорату таъқиби рӯирости мардуми бегуноҳ шуруъ намуданд. Ин вазъият, албатта, ҳамаро ба ташвиш андохт ва барои рушди минбаъдаи кишвар халалҳо эҷод мекард.
Ҳамчун роҳбари мақомоти қудратии давлат - ҳомии ҳуқуқи халқ Ҳомиддин Шарифов ором набуд ва барои бартараф намудани хавфи ин гурӯҳҳо нақшаи амалро таҳти унвони "Барқосо" (Молния) тарҳрезӣ намуд. Нақша аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд ва худи вазир ба он роҳбарӣ намуд. Муовини аввали вазир дар он давра Абдураҳим Қаҳҳоров сардори ситод таъин гардид. Шаби 22-юми июни соли 2001 амалиёт оғоз шуда, 45 нафар силоҳбадастон, аз ҷумла, ду саркардаи онҳо дастгир шуданд. Ба саркардаи дигари ин гурӯҳ муяссар гашт, ки фирор намояд. Дертар ҷойи исти ӯ ошкор ва бо як амалиёти нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ безарар гардонида шуд.
Зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ боз 220 нафар аъзои гурӯҳ дастгир карда шуданд.
Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки дар тамоми ҷараёни амалиёт шодравон Ҳомиддин Шарифов майле ба хобу таом надошт. Ҳама қуввати худро барои ҳарчи зудтар бартараф гардонидани нерӯҳои хатаровар ва ҳамзамон ҳифзи сокинони осоиштаи маҳалла масраф менамуд. Зеро, дастаҳои мусаллаҳ дар маҳаллаҳои доманакӯҳи шимолу шарқии пойтахт ҷой доштанд ва аҳолии маҳаллӣ барояшон чун "сипари зинда" хизмат мекард. Амалиёт барои он ҳам давомдор ҷараён гирифт, ки ба мардуми бегуноҳ ягон зарари ҷониву молӣ нарасад.
Баъдан, амалиёти "Барқосо" аз ҷониби мутахассисон таҳлил гашта, махсусан аз ҷониби коршиносони хориҷӣ баҳои баланд гирифт. Бо истифода аз ин таҷрибаи мусбат марҳум Ҳомиддин Шарифов таҳти унвони "Амалиёти ҳайати шахсии ВКД ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ" бо забони русӣ дастуре иншо намуд, ки барои ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ то ҳол чун роҳнамои ҳирфаӣ хизмат мекунад.
Маҳз ватандӯстӣ, ҷоннисорӣ, қатъияту ҷасорат, роҳбарии дақиқи вазир ва дигар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ имкон дод, ки вазифаҳои азимтарини бамиёнгузоштаи таърих амалӣ карда шаванд.
Хизмати Ҳомиддин Шарифов дар дигар бахшҳои вазорат ва рӯзгори мардум ҳам зиёданд. Ӯ солҳои 70-ум, замоне ба кору фаъолият шурӯъ кард, ки даврони беҳтарини замони Шӯравӣ маҳсуб меёфт.
Мардум ба илму дониш, адабиёту ҳунар меҳри амиқ дошта, аз он баҳраи маънавӣ мегирифтанд ва аҳли ҳунару адаб соҳиби мартабаву обрӯи зиёд буданд. Бинобар ин, адибону ҳунармандон пайваста дар меҳмонии ӯ ва сохторҳои гуногуни вазорат буданд. Ҳангоми мулоқотҳо бо ҳайати шахсӣ адибонро даъват менамуд, ки барои хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ шеъру пандномаҳои худро бихонанд, боиси болидагии рӯҳия ва эҳсоси меҳанпарастии онон шаванд. Худи ӯ аз классикони адабиёти тоҷик даҳҳо шоҳбайтҳои пандомӯзе мегуфт ва ривоятҳои воқеиро ҳикоят менамуд.
Бо ҳамин ният ӯ дар сохтори вазорат дастаи ҳунарии "Сипар"-ро бо роҳбарии ҳунарманди маъруф Умар Зиёев таъсис намуд. Бо ғамхории пайвастаи вазир ансамбли "Сипар" рушду камол ёфт ва дар асл сипари маънавии кормандони милитсия гардид.
Шодравон Ҳомиддин Шарифов ҳар як ҳодисаи нохуши ҷанги шаҳрвандиро чун мусибати шахсии худ қабул мекард, барои ҳифзи ҳар як корманди милитсия, ки ҷони худро барои ҳимояи халқу давлат ба гарав мемонд, худро масъул медонист ва чунин меҳисобид, ки барои ояндагон корномаи ҳимоятгарони Тоҷикистони соҳибистиқлол дарси ибрат, шуҷоат ва мардонагист. Бинобар ин, тавре генерал А.Розиқзода дар китоби худ "Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон" ёдовар мешавад, дар фикри он буд, ки номи неки қурбониён аз хотираҳо зудуда нагардад. Бинобар ин, пешниҳодро дар бораи созмон додани Осорхонаи ВКД ба ҷону дил тарафдорӣ ва масъулинро вазифадор кард, ки барои хуб ҷараён гирифтани кори он ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Барои ифтитоҳи ботантанаи он бошад, меҳмони ифтихорӣ Вазири корҳои дохилии онвақтаи Федератсияи Русия Рашид Нургалиевро даъват кард. Ҳарду сарвари мақомоти қудратӣ ба кори таҳиягарони осорхона баҳои баланд дода, аҳамияти онро дар тарбияи маънавии ҳайати шахсӣ таъкид сохтанд.
Бо ин ҳама бузургиҳо Ҳомиддин Шарифов марди фурӯтану заминӣ монда, бо ҳама баробар буд, то имкон дошт, дастгирӣ мекард. Аз ин ҷо, ҳар нафаре, ки бо ӯ кор намудааст, то ҳол ба некӣ ёдаш мекунад.
Шахсе буд ошиқи зиндагӣ, фидоии адолату ҳақиқат, хайрхоҳ ба ҳама.
Зиндагиномаи Ҳомиддин Шарифов барои кормандони ҷавони милитсия мактаби шуҷоату мардонагӣ ва дастуру раҳнамо мебошад.
Чӣ хуб фармудаанд:
Зиндааст одаме, ки ҳама ёд мекунанд,
Бо ёди неки ӯ дили худ шод мекунанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад