Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саодати миллат дар ваҳдат аст!

 

«Тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан, ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллатамон бе восита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба имзо расонидани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон боз намуд. Ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон маҳсуб ёфта, имрӯз мо танҳо бо ҳамдигарфаҳмию бунёдкорӣ метавонем бо ифтихор миллати худро, ки дар таърихи башар ҳамчун миллати сулҳпарвару адолатхоҳ этироф гардидааст, ба ояндаи дурахшон ҳидоят созем.
Бояд тазаккур дод, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи сулҳи тоҷикон баъд аз баргузории ҳашт давр ба имзо расид, ки он ба муноқишаҳои дохилӣ дар сарзаминамон хотима гузошт.
Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад. Агар роҳи тайкардаи сокинони мамлакатро таҳти роҳбарии фарзанди шуҷоъу муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра зина ба зина пеши назар биёрем, дар ҳаёту зиндагонии мардум дигаргуниҳои куллӣ ба чашм мерасанд. Одамон аз пойдории сулҳу субот дар саросари ҷумҳурӣ дилгарму рӯҳбаланд шуда, ба фардои ободу осудаи Ватан некбинона назар мекунанд.
Бист сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ қарор дорад, ки ин беҳтарину бузургтарин дастоварди кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Вақте, ки давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ пош хурд, ҳама ҷумҳуриҳои собиқи он истиқлолият ба даст оварда, роҳи мустақилонаи тараққиёти худро пеш гирифтанд. Вале дар кишвари мо парокандагии миллӣ, ҷудошавӣ ба маҳалу гурӯҳҳои мухолиф ва паси сангари муқобил қарор гирифтани мардум ба амал омад, ки оқибати он даҳшатноку хатарнок буд. Фазои кишварро садои тиру туфанг ва бӯи борут фаро гирифт. Хавфи аз байн рафтани якпорчагии Тоҷикистон ба миён омад. Гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ аз нооромиҳои кишвар ва фалаҷ гардидани сохторҳои ҳукумат истифода бурда, даст ба қатлу куштор мезаданд. Дуздию роҳзанӣ ва одамкушӣ ба як кори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Ҷои меҳру садоқат, ҷавонмардию саховатмандиро кинаву адоват ва бераҳмию бемеҳрӣ гирифта буд.
Хушбахтона хираду маърифати азалии халқи тоҷик боло гирифту қувваҳое пайдо шуданд, ки барои барҳам додани ҷанги шаҳрвандӣ, тинҷу ором намудани кишвар, ташкили ҳукумати нави конститутсионӣ роҳ пеш гирифтанд.
Ҳамин буд, ки аз 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Вакилони Шӯрои Олӣ якдилона шахси ҷасуру хирадманд Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳанӯз аз минбари Иҷлосия бо қатъият ва азму ҷасорати фавқулода ӯ гуфта буд: «Ман то вақте, ки охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам худро ором ҳис карда наметавонам». Ва афзуд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам».
Воқеан ҳам, ин марди боҷасорат, фозилу хирадманд ва сиёсатмадор ба ҳамаи ваъдаҳои худ вафо намуд. Баъди анҷоми Иҷлосияи 16 таърихии Шӯрои Олӣ бо супориши ӯ роҳбарони олимақоми Тоҷикистон ба ҷустӯҷуи роҳҳои музокирот шуруъ намуданд. Барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо манзили бар асари ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хароб гашта, боздошти пастравии иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди ояндаи Тоҷикистон мебоист мардумро гирди ҳам оварда ва бо мухолифин сари мизи музокирот нишаст. Бо ин саъю талошҳо пояи нахустини истиқрори сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни Тоҷикон гузошта шуд.
Рӯзҳои 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул нахустин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин Сайид Абдуллои Нурӣ дар ҳузури Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Рабонӣ баргузор гардид ва дар он изҳороти муштарак қабул карда шуд. Дар он рӯзҳо дар кишвари Афғонистон ҷангҳои шадиди дохилӣ идома доштанд, лекин роҳбарони ҷонибҳо ҷонашонро дар хатар гузошта, ба хотири сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тоҷикон ба дидору мулоқоти ҳамдигар расиданд. Мулоқоти навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳҳои мухолифин рӯзҳои 10-11 декабри соли 1996 дар Хусдеҳи кишвари Афғонистон баргузор гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чархбол ба онҷо рафта дар ҳоле, ки ягон тараф ва ягон гурӯҳ бехатарии онҳоро кафолат дода наметавонист, боҷасорат ва нотарсона ҷон дар кафи даст, ба хотири сулҳу осоиштагии Тоҷикистон ба он мулоқот рафт ва созишномаро ба имзо расонид, ки ҳадафи аслии ин қатъи ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Боиси хушнудист, ки ҳанӯз шартномаи сулҳи тоҷикон ба имзо нарасида бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва саъю талоши беандозаи Сарвари мамлакат гурезаҳо аз хоки Давлати Исломии Афғонистон ба Ватан баргардонида шуданд.
Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 27 июни соли 1997 дар Тоҷикистон раванди таъмини сулҳу субот оғоз гардида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд. Дар ин марҳилаи на он қадар тӯлонӣ миллати мо тавонист бо шарофати суботу оромӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.
Бешубҳа, Ваҳдати миллӣ беҳтарин орзуи амалишуда, дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад. Аз ин рӯ мо, мардуми сулҳпарвари тоҷик, вазифадор ҳастем, ки амалҳои таҳкимбахшандаи онро саҳҳеҳан муайян намуда, ба ҳифз намудан, ташаккул додани он мусоидат намоем.
Имрӯз мо метавонем хулосабарорӣ кунем, ки ҷавҳари асосии инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди сиёсиву ҳуқуқии кишварамонро маҳз Ваҳдати миллӣ ба миён овардааст, зеро рушду такомули ҳаматарафаи ҷомеаро наметавон бе пойдории суботи комил таъмин сохт. Дар натиҷаи сулҳ ва ризоияти миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, ҳуқуқ, маънавиёт ва фарҳанг муайян гардида, барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд шароит фароҳам оварда шуд. Инчунин, бо шарофати Ваҳдати миллӣ роҳи ба ҷомеаӣ ҷаҳонӣ, иктисоди ҷаҳонӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ пайвастани халқи тоҷик низ ҳамвор гардид. Ба ҷуз ин Ваҳдати миллӣ мавқеи сиёсии байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муайян карда, барои ҳамкориҳои муфид бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳро боз намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, таъмини сулҳ ва бехатарии байналхалқӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳо равона карда мешавад.
Агар Ваҳдати миллӣ намебуд, дар роҳи ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани халқи мо мушкил пеш омада, миллати мо метавонист аз шоҳроҳи таърих дур шуда, дар пайроҳаи танги тираву тор қарор гирад, ки ин роҳи бебунёд ва бесамар мебошад. Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар фазои Ватанамон сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд ва дар натиҷаи ин падидаи нодир мо тавонистем Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро ҳифз намоем. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир ҳар як фарди худшиноси ҷомеаи моро зарур аст, ки ба қадри чунин неъмати умумимиллӣ бирасем ва дар роҳи худшиносии миллӣ масъулиятро дучанд дарк намоем.
Бояд тазакур дод, ки Ваҳдати миллӣ дар Ватанамон ҳамчун ғояи умумимиллӣ эътироф ва устувор гардидааст. Ваҳдати миллӣ ба сифати омили мувозинатдорандаи ҳамаи кишварҳои ҷомеа баромад намуда, дар ташаккули давлатдории тоҷикон нақши муҳимро иҷро менамояд.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶумҳурииТоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад